Коррупсия

БОЗДОШТИ СЕ АФСАРИ ГУЗАРГОҲИ ПАХТААОБОД ҲАНГОМИ ПУЛКАНӢ АЗ ШАҲРВАНДОНИ САФАРАКИИ РУСИЯ

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар вокуниш ба шикоятҳои
фаровони мардум билохира се афсари Қӯшунҳои марзбониро дар
гузаргоҳи Пахтаообод дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бо далелҳои
шайъӣ ҳангоми аз мусофирони сафаракии Русия гирифтани “доля”
дастгир кардаанд.
Як манбаи аз қазия огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ин ҳодиса
рӯзи 12 август рух дода, ба кормандони маркази ҷумҳуриявии Агентии
мубориза бо коррупсия муяссар шуд, ки сардори баст (смена) ва ҳарду
муовинашро, ки рӯзи панҷшанбе навбатдорӣ мекарданд, дастгир
кунанд

“Онҳоро вақте дастгир карданд, ки боз аз як гуруҳи мардуме, ки
мехостанд аз тариқи Ӯзбекистон бо нархи арзонтар ба Русия сафар
кунанд, “доля” ҷамъ мекарданд. Ҳамаи ин пулҳо аз дасти афсарони
сарҳадбон ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд. Ҳарсе афсари
боздоштшуда ҳоло дар тавқифгоҳ (ИВС) нигоҳ дошта мешаванд.
Нисбат ба ин 3 нафар бар асоси қисми сеюми моддаи 319 Кодекси
ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора парвандаи
ҷиноятӣ кушодаанд”, – хабар дод ҳамсуҳбати “Бомдод”.
Ба афсарони боздоштшуда акнун бар асоси ин банди қонун аз 5 то 10
соли зиндон таҳдид мекунад.
Манбаи “Бомдод” афзуд, муфаттишони Агентӣ барои такмили айбномаи
зидди ин се нафар ба кумаки ҷабрдидагоне, ки ҳангоми убури ин
гузаргоҳи марзӣ “доля” супурдаанд, ниёз доранд ва аз ҳамаи онҳое, ки
дар ин гузаргоҳ ҷабр дидаанд, хоҳиш мекунанд, ки ба Агентии мубориза
бо коррупсия муроҷиат кунанд ва ҳамчун ҷабрдида ариза нависанд.
Маскав аз 1 апрел сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русияро дар
умум ва аз моҳи июн аз тариқи кишварҳои сеюм ба Русия сафар
кардани онҳоро иҷозат дод. Азбаски ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба сабаби
зиёд будани шумораи хоҳишмандони сафар нархи чиптаро ба осмон
бардоштанд ва ҳатто имрӯз нархи як чипта аз 700 доллар сар мешавад,
бисёриҳо талош мекунанд, аз тариқи фурудгоҳҳои Ӯзбекистон бо нархи
нисбатан арзонтар ба Русия парвоз кунанд.
Вале инак ду моҳ боз шикоятҳои фаровон ба даст мерасад, ки
кормандони гумрук ва марзбонии Тоҷикистон дар гузаргоҳҳо дар марз
бо Ӯзбекистон аз шаҳрвандоне, ки аз тариқи Ӯзбекистон ба Русия сафар
карданианд, аз 400 то 500 ва ҳатто то 1000 сомонӣ “доля” талаб
мекунанд ва танҳо ба касоне, ки ин пулро тавассути миёнаравҳо
месупоранд, иҷозати убур медиҳанд

Ва агар касе аз додани ин “доля” саркашӣ кунад, аз марз гузашта
наметавонист. Сокинон ин пулканиро бо киноя “андози хуруҷ аз
биҳишт” ном карда буданд.
Рӯзи 4 август даҳҳо нафар аз мардуми норозӣ ҳатто дар назди бинои
шаҳрдории Панҷакент алайҳи ин пулканиҳо дар гузаргоҳи Саразм
эътироз ҳам карда буданд.
Аввалин шуда, мавзӯи аз мардуми сафаракии Русия дар марз бо
Ӯзбекистон “доля” талаб кардани марзбонҳои тоҷикро пойгоҳи хабарии
“Бомдод” бардошта буд.
Ва билохира, дар аввали моҳи август, сардори гузаргоҳи марзии
Фотеҳобод (Ойбек) дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон Олим
Сатторовро ҳамроҳи ҳарду муовинаш аз мақом барканор карда,
бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ба ҷои ӯ подполковник
Боймурод Абдулҳамидов, сардори ҳамакнун собиқи гузаргоҳи Гулистон
дар марзи Исфара бо Қирғизистонро таъйин кардаанд. “Тағйироти
кадрӣ ҳафтаи гузашта анҷом шуд. Ҳоло раҳбари нав бо ду ноиби худ
ба кор шуруъ кардааст”, — гуфтааст манбаи Озодӣ.
Мақомот тағйироти кадрӣ дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”ро ҳанӯз шарҳ
надодаанд.
Дар бораи кадом тасмимгирие дар мавриди роҳбарони гузаргоҳи
Саразм дар марзи Панҷакент бо вилояти Самарқанд, ки низ бераҳмона
аз сафаракиҳои Русия то ҳол “доля” талаб доранд, ҳанӯз иттилое ба даст
нарасидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button