Чеҳраҳо
Trending

ПАҲЛАВОНЕ ВА ЧЕМПИОНЕ АЗ МАСТЧОҲ: ЁДЕ АЗ МИРЗОҲАКИМ УМЕДОВ


Nigohi khalq
Шамъи хотира
ЯК УМР НАКӮНОМ ЗИСТ

Ёде аз Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон, устоди соҳибмактаб
ва инсони комил, шодравон Мирзоҳаким Умедов ба ифтихори Рӯзи
варзишгарон
t.me/nigohi_khalq
АЗ ПАҲЛАВОНӢ ТО ЧЕМПИОНӢ
Гузаштагони шодравон Мирзоҳаким Умедов, аз ҷумла падараш
Мирзоумеди Оббурданӣ паҳлавонзодаву човандоз буданд. Аз ин ҷост,
ки ҷасорату шуҷоат ва чобукиву майдондорӣ аз ҷумлаи сифатҳои
аҷдодӣ ҳастанд, ки то ба ӯ ва ворисонаш расидаанд.
Мирзоҳаким Умедодов 21 июни соли 1949 дар Кӯҳистони Мастчоҳ
таваллуд шуда, дар 5-солагӣ аз падар ятим мемонад. Соли 1960 бо
ҳамроҳии модар ва хешу табораш чун ҳазорон мастчоҳиёни дигар ба
дашти Дилварзин муҳоҷир шуд. Мавсуф соли 1967 пас аз хатми мактаби
миёнаи №3 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил
мешавад. Марҳум донишкадаи мазкурро соли 1972 бо ихтисоси
муаллими тарбияи ҷисмонӣ хатм намуда, ба таълиму тарбияи
фарзандони диёр машғул мешавад. Мирзоҳаким Умедов то охири умр
(соли 2011) дар толори МТМУ №17, Кохи Ворисон ва мактаби варзишии
ноҳия ба фарзандони халқ асрори гуштинро омӯзонидааст. Шодравон
Мирзоҳаким Умедов устоди варзиши собиқ ИҶШС, паҳлавони номӣ
Исмат Абдуллоевро устоди худ медонист ва то охири умр эҳтиром
мекарду гиромӣ медошт.
Баъзе аз санаҳои муҳими ҳаёти устоди зиндаёд Мирзоҳаким Умедовро,
ки ба варзиш иртиботи мустақим доранд, аз мусоҳибаи Ҳ. Азимов, ки
зери унвони “Шербачаҳои Кохи Ворисон” дар рӯзномаи “Машъал”, №41
(7398), аз 13.09.2006, нашр гардидааст, пешниҳоди хонандагони “Нигоҳи
халқ” мегардонем:
1968 – ишгтирокчии чемпионати аввалини ҷумҳуриявӣ оид ба самбо
дар шаҳри Душанбе. Ҳарифаш – устодаш Исмат Абдуллоев;
1972 – 1986 – шогирдони ӯ оид ба гуштин, волейбол, баскетбол, тенниси
рӯимизӣ дар мусобиқаҳои ҷамъияти ихтиёрии “Ҳосилот” ҳамто
надоштаанд;

1974 – барандаи ҷои сеюм дар қувваозмоии байни қувваҳои мусаллаҳ;
1977 – чемпиони вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) дар мусоибқаҳои
ҷамъияти ихтиёрии “Ҳосилот”, барандаи ҷои дуюм дар мусобиқаи
ҷумҳуриявии ҷамъияти ихтиёрии “Ҳосилот”;
1980 – чемпиони вилояти Тошканд оид ба футбол ва чемпиони бозии
ҷумҳуриявии телевизионии “Майдон аз далер аст”;
1980 – чемпиони вилояти Суғд оид ба дзюдо ва самбо;
1981 – барандаи ҷои дуюм оид ба волейбол дар ҳайати дастаи яккачини
Мастчоҳ дар вилояти Суғд;
1984 – чемпиони вилояти Суғд оид ба тениси рӯимизӣ байни омӯзгорон;
Дар бораи нерӯ ва ҳиммату ҷавонмардии шахсияти Мирзоҳаким
Умедов, ки хоси паҳлавонҳои номдор аст, бисёр метавон гуфту навишт.
Аммо мо мехоҳем дар ин матлаб аз тарбияти дурусти фарзандону
шогирдон аз ҷониби марҳум ва имрӯз номбардори падару устод
гаштани онҳо ёдовар шавем.
ВОРИСОНИ АРЗАНДА
Болотар гуфтем, ки паҳлавониву қаҳрамонӣ дар хуни Умедовҳо
аҷдодист. Фарзандони шодравон Мирзоҳаким Умедов – Фаридун ва
Муҳаммадҷовид чун меросбарони асили падари арҷмандашон бо
идома додани ҷодаи пурифтихори қиблагоҳ имрӯз аз беҳтарин
варзишгар ва мураббиёни касбии кишвар маҳсуб меёбанд. Гувоҳи ин
суханон Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидани ҳар
дуи онҳо ва ба дастовардҳои беназир ноил шудани шогирдонашон аст.
Фаридун Умедов 30 январи соли 1989 таваллуд шудааст. Хатмкардаи
МТМУ №17 ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯи ихтисоси тарбияи
ҷисмонӣ (соли 2015) мебошад.
Фаридун Умедов аз синни 5-солагӣ ба машқу тамрин ва ҳосил кардани
маҳорату малакаи гуштину паҳлавонӣ машғул аст. Маҳз зери тарбияи
дурусти падари шодравонаш дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас
ноил гардидааст. Аз ҷумла, чемпиони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба

ПАҲЛАВОНЕ ВА ЧЕМПИОНЕ АЗ МАСТЧОҲ: ЁДЕ АЗ МИРЗОҲАКИМ УМЕДОВ — Пойгоҳи хабарии «Бомдод»
самбо ва дзюдо (2004), ҷоизадори мусобиқаи Осиё оид ба самбо (2005),
чемпиони спартакиадаи донишҷӯёни Тоҷикистон (2015). Оиладор,
падари 4 фарзанд. Ҳоло ҳамчун устоди Мактаби варзиши бачагонаи
ноҳия ва сармураббии наврасони вилоят оид ба дзюдо фаъолияти
пурсамар дорад.
Муҳаммадҷовиди Мирзоҳаким 14 сентябри соли 1992 ба дунё омадааст.
Аз синни 8-солагӣ ба омӯхтани нозукиҳои анвои гуштин машғул аст.
Хатмкардаи МТМУ №17. Маълумоташ олӣ. Оиладор, падари 2 фарзанд.
Ҷоизадори мусобиқоти гуногуни вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ.
Дар мактаби варзиши бачагонаи ноҳия фаъолият мекунад.
МУРАББӢ, САРПАРАСТ ВА МУХЛИС
– Падари шодравонам Мирзоҳаким Умедов барои мо беҳтарин
мураббӣ, сарпараст ва мухлис буданд. Ҳамеша ва дар ҳама ҷо моро ба
омӯхтани нозукиҳои варзиш, махсусан гуштин ҳидоят мекарданд. Барои
иштироки мо дар мусобиқоти гуногун саҳмгузорӣ менамуданд ва аз ҳар
як дастоварди ҳатто кӯчактаринамон бисёр шод мешуданд, вале
намегузоштанд, ки мағрур шавем. Сахтгиру серталаб буданд. Аз ин ҷост,
ки мо падари шодравонамонро аввалин ва беҳтарин мураббӣ, устод,
сарпараст ва ҳаводори ҳунару истеъдоди худ медонем, ки дар ҳамаи
комёбӣ ва нокомиҳоямон ҳамроҳамон буданд ва бо маслиҳатҳои
судманди хеш моро рӯҳабаланд мекарданд, – мегӯяд Фаридун Умедов.
МУВАФФАҚИЯТ ВА ДАСТОВАРДҲО
Сафари мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
ноҳияи Мастчоҳ дар моҳи сентябри соли 2020 барои рушди ноҳия
марҳилаи наверо оғоз бахшид. Бо ифтитоҳ намудани иншооти гуногун,
аз ҷумла варзишгоҳи марказии ноҳия бо 10 ҳазор ҷои нишаст ва қасри
варзишии “Паҳлавонони Суғдӣ” Пешвои муаззами миллат барои машқу
тамрини варзишгарони ноҳия шароити мусоидро фароҳам оварданд.
Акнун наврасону ҷавонони мо на дар канори кӯчаву саҳни мактабҳо,
балки толору майдончаҳои барҳавои варзишӣ машқ мекунанд, ки
албатта неъамати Истиқлолият ва сиёсати созандаву хирадмандонаи
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст

ПАҲЛАВОНЕ ВА ЧЕМПИОНЕ АЗ МАСТЧОҲ: ЁДЕ АЗ МИРЗОҲАКИМ УМЕДОВ — Пойгоҳи хабарии «Бомдод»

Донишу истеъдоди касбӣ ва талошҳои содиқонаи фарзандони
Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон, шодравон Мирзоҳаким
Умедов – Фаридун ва Муҳаммадҷовид, ки имрӯзҳо барои идомаи роҳи
қиблагоҳашон ва пос доштани ному хотираи неки ӯ заҳмат мекашанд,
ин нуктаро талқин мекунад: Ному хотираи Мирзоҳаким Умедов барои
имрӯзу фардо зинда аст! Зеро фарзандони асил ва шогирдони содиқаш
на танҳо роҳашро идома медиҳанд, ки ҳамчунин барои расидан ба
қуллаҳое, ки ӯ талош дошт ва ҳадафҳое, ки мехост ҷомаи амал пӯшанд,
саъй мекунанд. Аз соли 2012 мунтазам баргузор намудани мусобиқаи
ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо барои гиромидошти хотираи ӯ бо ташаббуси
фарзандону шогирдон ва саховатмандони диёр, ки бо номи “ёдбуд”
маъруф аст, аз ҷумлаи иқдомҳои шоистаест, ки аз тамоми ҷумҳурӣ
варзишгаронро ба зодгоҳи Мирозоҳаким Умедов, макону маъвои
паҳлавонҳои овозадор – ноҳияи Мастчоҳ меоварад. Оре, шоир маҳз дар
бораи Мирзоҳаким Умедов барин шахсиятҳое, ки умри худро сарфи
хизмат ба халқ кардаанд, фармудааст:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро…
Муродулло ПОЧОЗОДА

Дар Қасри варзишии “Паҳлавонони Суғдӣ” наврасону ҷавонон зери
роҳбарии устодони варзиш, фарзандони некноми собиқадори соҳа
шодравон Мирзоҳаким Умедов – Фаридун ва Муҳаммадҷовид
нозукиҳои дзюдоро меомӯзанд ва ҳунару истеъдоди худро такмил
медиҳанд.
– Хоҳишмандон хеле зиёданд. Ҳамаи онҳое, ки дар ин ҷо ба машқу
тамрин машғуланд, орзӯи варзишгари хуб ва қаҳрамон шуданро дар дил
мепарваранд. Мо барои амалӣ шудани нияту орзуҳои онҳо ҳамаи
донишу таҷриба ва имкониятҳои худро истифода мекунем, – мегӯяд
Фаридун Умедов.
Воқеан, то имрӯз аз шогирдони бародарон Фаридун ва Муҳаммадҷовид
18 нафар чемпиони Тоҷикистон, 15 нафар номзад ба устоди варзиш, 5
нафар устоди варзиш ва 12 нафар ғолибону ҷоизадорони мусоибқаҳои
байналхалқӣ мебошанд.
– Беҳтарин нишондиҳандаи хуби варзишгарони ноҳия дар нимсолаи
аввали соли 2021дар байни калонсолон оид ба дзюдо Чемпиони
Тоҷикистон гардидани шогирди мо Муҳаммадиқбол Тошов мебошад.
Бояд гуфт, ки чунин дастовард барои ноҳия беназир аст.
Муҳаммадиқбол аз ноҳияи Мастчоҳ аввалин ва аз вилояти Суғд баъд аз
Комроншоҳ дуюмин нафарест, ки ба чунин шарафи бузург сазовор
шудааст, – ба суҳбати мо ҳамроҳ мешавад Муҳаммадҷовиди
Мирзоҳаким.
Муҳаммадқодир Аюбов, ки фарзандаш Мустафо солҳои тӯлонӣ дар
назди Фаридуну Муҳаммадҷовид тамрин кардаву дар аксар мусобиқоти
ҷумҳуриявию байналхалқӣ соҳиби ҷоиза гардидааст, бо қаноатмандӣ аз
усулу таҷрибаи онҳо мегӯяд:
– Варзиш на танҳо ҷисмро инкишоф медиҳад, ки ҳамчунин рӯҳро ҳам
парвариш мекунад, хирадро меафзояд ва барои такмили шахсият саҳм
мегузорад. Хушбахтона, Фаридун ва Муҳаммадҷовид соҳиби чунин
мактаби таҷриба мебошанд. Мактабе, ки падари шодравонашон
Мирзоҳаким Умедов асос гузоштааст.
Ӯ ЗИНДА АСТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button