Коронавирус

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: МАН ВАКСИНА ГИРИФТАМ. ШУМО ҲАМ ҲАТМАН БИГИРЕД! КОРОНАВИРУС ШӮХӢ НАДОРАД!

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваксинаи зидди бемории
коронавирус гирифтааст. Дар ин бора ба “Азия Плюс” сухангӯи
президент Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод.Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи
гузашта дар суханрониаш дар ноҳияи Айнӣ гуфтааст: “Ман ваксина
гирифтам. Ба шумо ҳам маслиҳат медиҳам, ҳатман ваксина бигиред!
Коронавирус шӯхӣ надорад!”
Хабари аз коронавирус ваксина гирифтани Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест,
ки моҳи июл дар бораи гирифтори ин беморӣ шудани чанд тан аз
хешовандони наздики президент ва зоҳиран ба ҳамин иллат
даргузаштани хушдомани ӯ Ӯзбекбӣ Асадуллоева ва хоҳари хурдиаш
Қурбонбӣ Раҳмонова нашр шуда буд.

Аммо Абдуфаттоҳ Шарифзода нагуфт, ки расиҷумҳур кадом навъи
ваксина задаанд. Ӯ гуфт, ки дар ин бора иттилоъ надорад.
Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ, то ба ҳол ба кишвар се
намуди ваксина: “Астразенека”-и аврупоӣ, “Коронавак”-и чинӣ ва
“Модерна”-амрикоӣ ворид шудааст.
Ҳамчунин мувофиқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, ба беморхонаи
ҳукуматии кишвар 3 ҳазор воя ваксинаи «Спутник V» оварда шудааст, ки
аъзои ҳукумати кишварро аз ин ваксина задаанд.
Аммо маълум нест, ки президенти Тоҷикистон яке аз ин ваксинаҳоро
гирифтааст ё ягон ваксинаи вижаи дигар?
Вазорати тандурустии Тоҷикистон риояи бечунучарои ҳамаи меъёрҳои
беҳдоштӣ, ба хусус риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоби тиббӣ
дар маконҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин ваксина гирифтан аз коронавирусро
роҳи аз ҳама муассири мубориза бо пандемия мешуморад.
Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ, асосан аз Хитой ва Амрико беш аз 4
миллион воя ваксинаи зидди коронавирус гирифтааст. Аз ҷумла
Тоҷикистон дар поёни моҳи июл ба таври ройгон аз Амрико 1,5
миллион ваксинаи “Модерна” ва аз Хитой 2 миллион ваксинаи
“КоронаВак” дарёфт кард ва аз 28 июл дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи
оммавии ваксиназанӣ аз коронавирусро шурӯъ кард. Ин маърака то
кунун асосан бо пойтахт ва чанд шаҳри бузург маҳдуд мешуд.
Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ, то имрӯз дар кишвар беш аз 660
ҳазор нафар ҳадди ақал як вояи ваксинаи зидди коронавирус
гирифтаанд. 49 ҳазор ҳарду вояи ваксинаро гирифтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button