ВидеоКоронавирусҶомеа

НАХУСТИН АКСҲОИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ БАЪДИ ХАБАРИ ЛАТТУКӮБАШ (3 АКС)

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ бо нашри се акс дар саҳифааш
дар Фейсбук хабар дод, ки ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе дар ин
идора рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти вазорат доир
мегардад.
“Имрӯз, 3 августи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода як қатор
шаҳрвандони кишварро, ки бо масъалаҳои гуногун ба вазорат
ташриф оварда буданд, қабул намуд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрвандонро
шунида, вобаста ба ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулини соҳа
дастуру супоришҳои мушаххас дод”, гуфта мешавад дар иттилоия

Ин нахустин аксҳои Ҷамолиддин Абдуллозода дар маҳзари ом дар пайи
хабари латтукӯбаш аз ҷониби хоҳарзодаҳои президент дар таърихи 20
июл аст. Мақомоти вазорати тандурустӣ ҳафтаи гузашта ин хабарҳоро
бепоя номида, гуфтанд, ки Абдуллозода барои музокираи масъалаи
харидани ваксинаҳои русии “Спутник” ба Маскав рафтааст. Аммо дар
бораи мулоқотҳои ӯ бо мақомоти Русия ягон иттилои расмие нашр
нашуд ва ин ба оташи гумонҳо дар бораи вазъи саломатии вазир
равғани бештар рехт.
Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки баъди фавти Қурбонбӣ Раҳмонова,
хоҳари хурдии президент Эмомалӣ Раҳмон дар беморхонаи ҳукуматӣ,
хоҳарзодаҳои президент чанд духтур ва вазири тандурустиро латтукӯб
кардаанд ва дар натиҷа ҷоғи вазир сахт осеб дидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button