Номаҳо ба президентХабарҳои кӯтоҳ

ЛУТФАН БА ҲАСАН АСАДУЛЛОЗОДА РАСОНЕД… ДАРДИ ДИЛИ ПАДАРИ СТЮАРДЕССАИ ҶАВОНМАРГ

Фарангис Сафарова аз соли 2013 дар ширкати ҳавопаймоии “Сомон
Эйр” ба сифати меҳмондор (стюардесса) кор мекард. Ба гуфтаи падараш
Азизмурод Сафаров, ӯ аз кораш шикоят надошт, аз кори ӯ ҳам касе
шикоят намекард.
Аммо 29 июни соли 2020 пас аз бозгашт аз парвози навбатӣ аз Алма
-Ато ӯ худро нохуб эҳсос намуд. Чун авҷи бемории коронавирус буд, ӯ
фавран ба бахши тиббии Фурудгоҳи Душанбе муроҷиат кард. Маълум
гашт, ки бадбахтона Фарангис ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Дар ин
бора маълумотнома ҳам доданд. Мутаассифона, ӯро аз коми марг наҷот
дода натавонистанд ва 6 -уми июли соли 2020 Фарангис ду фарзанди
ноболиғи худро боқӣ гузошта, аз олам чашм пӯшид. Ӯ ҳамагӣ 30 сол
дошт. Дар шаҳодатномаи фавти Фарангис Сафарова низ зикр шудааст,
ки раҳматӣ аз коронавирус даргузашт

Азизмурод Сафаров аз муносибати масъулони “Сомон Эйр” ба марги
духтараш гилаи зиёд дорад: “Аз ҷои кораш касе наомад. Чанд рӯз пас
аз “Сомон Эйр” ба мо тамос гирифтанд, вале на барои изҳори
ҳамдардӣ. Гуфтанд, ки бояд либосу лавозимоти Фарангисро, ки аз
ширкат гирифтааст, баргардонем.”
Дертар ба Азизмурод ва пайвандонаш ҳуқуқшиносон мефаҳмонанд, ки
вақте корманд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ бемор мешаваду ин
боис ба марги ӯ мегардад, қонун барои чунин ҳолатҳо ҷубронпулӣ
муқаррар намудааст ва ӯ бояд ба роҳбарияти “Сомон Эйр” дар ин бора
муроҷиат намояд.
Азизмурод Сафаров мегӯяд: “Маълум аст, ки ҳеҷ гуна ҷубронпулӣ
духтари ҷавону нозанину хуби маро баргардонида наметавонад. Аммо
чанд масъала буд, ки мавзӯи ҷубронпулӣ маро ба худ машғул дошт.
Якум, ин ҳаққи қонунии ӯст.
Дуюм, ду духтари ноболиғ дорад

Сеюм, дар зиндагиаш хонаи шахсӣ надошт ва дар ҳуҷраи иҷора зиндагӣ
мекард.
Бо ҳамин, ба хулосае омадем, ки дар сурати гирифтани ин
ҷубронпулӣ ақаллан сарпаноҳе барои фарзандони ноболиғаш, ки
ҳоло дар тарбияи ману бибиашон боқӣ мондаанд, харидорӣ намоем.
Ё ҳади ақалл маблағро барои таҳсилу нигоҳубини арзандаи онҳо сарф
кунем.”
Моддаи 343 Кодекси меҳнати Тоҷикистон кафолати ҷуброни зарар бо
сабаби бад шудани саломатӣ ва фавти кормандро пешбинӣ мекунад. Аз
ҷумла дар қисми шашуми ин қонун зикр шудааст, ки дар сурати фавти
корманд дар ҳолатҳои вобаста ба кор, ба одами фавтида ба андозаи
на камтар аз музди меҳнати 60 – моҳа кӯмакпулии яквақта дода
мешавад.
Қисми 7 – и ин қонун ҳуқуқи гирифтани ҷуброни зарарро ба шахсони
ғайриқобили меҳнат, ки таҳти саробонии марҳум буданд, дар ҳолати мо
– фарзандони ноболиғаш, медиҳад.
Бо ин далелҳои қонунӣ Азизмурод Сафаров 18 сентябри соли 2020
расман бо нома ба роҳбарияти “Сомон Эйр” муроҷиат кардааст, то ки
барои духтараш ва фарзандони ноболиғи ӯ ҷубронпулӣ диҳанд. Амо бо
гузашти инак қариб як сол то кунун ин мушкил ҳалношуда боқӣ
мемонад.
Азизмурод Сафаров бар ин аст, ки ӯро дар чашми Ҳасан Асадуллозода
як нафари ҷанҷолӣ муаррифӣ карда, гуфтаанд, ки гӯё пули бисёр
мехоҳад. Ӯ мутмаин аст, ки агар шахсан ба ҳузури Ҳасан Асадуллозода
роҳ биёбад, метавонад ӯро аз асли ҳол хабардор кунад ва бо ҳамин
роҳи ҳалли мушкил шояд пайдо шавад.
Ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳанӯз дар ин мавзӯъ изҳори
назар накардааст.
Раҷаби Мирзо, маъмури гуруҳи “Ахбор барои афкор” менависад, ки
ибтидо қарор буд, ин мавзӯъро дар аввали моҳи июл, дар солгарди
марги Фарангис Сафарова расонаӣ кунанд. Вале ба далели даргузашти
модари Ҳасан Асадуллозода, ки бино ба гузоришҳо, ӯ ҳам қурбони

ЛУТФАН БА ҲАСАН АСАДУЛЛОЗОДА РАСОНЕД… ДАРДИ ДИЛИ ПАДАРИ СТЮАРДЕССАИ ҶАВОНМАРГ (3 АКС) — Пойгоҳи …
коронавирус шуд, нашри муроҷиати Азизмурод Сафаровро як муддат ба
таъхир гузоштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button