Коронавирус

МАРДУМ АЗ МАРГУМИР ХАБАР МЕДИҲАНД. ВАЗОРАТ МЕГӮЯД, ЯГОН КАС НАФАВТИДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 3 август хабар дод, ки дар як
шабонарӯзи охир дар кишвар 74 ҳолати нави гирифторшавии сокинон
ба коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар айни замон
83 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Бино ба омори расмӣ, дар ҳоли
ҳозир дар Тоҷикистон 384 нафар аз коронавирус таҳти табобат боқӣ
мемонанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия то шоми 3 август дар кишвар 15 293
нафар гирифтори коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, аз ин шумор
то санаи зикргардида 14 788 нафар (96,7%) шифо ёфта, 121 нафар,
мутаассифона фавтидаанд

Вазорати тандурустӣ инак 5 рӯз паиҳам шумораи шифоёфтагон аз
коронавирусро назар ба сироятшудагон дар як шабонарӯз бештар
нишон медиҳад ва исрор меварзад, ки аз 30 июл ба ин тараф дар
Тоҷикистон ягон ҳолати фавти сокинон аз коронавирус сабт нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки сокинон дар бораи мавридҳои навбанави фавти
беморон, бо шумули мансабдорони баландпоя, аз коронавирус хабар
медиҳанд. Аз ҷумла шаби 31 июл ба 1 август судяи Суди олии иқтисодии
Тоҷикистон Шамсиддин Темурзода, ба гуфтаи манбаи “Бомдод”,
қурбони коронавирус шуд. Рӯзи 3 август Акбар Ниёзӣ Меҳрдил, ректори
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлобро
низ “вируси ноаён” аз байни мо бурд.
Мунтақидон бар инанд, ки вазорати тандурустӣ зоҳиран дигарбора
сиёсати пӯшондани воқеиятҳо ва “таҳрир”и омори сироят ва маргумир
аз коронавирусро пеш гирифтааст. Сиёсати хатое, ки ахиран
Тоҷикистонро бидуни ҳеҷ омодагӣ дар рӯбарӯи як мавҷи азиму
марговари ҳамлаи коронавирус қарор дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button