Номаҳо ба президентХабарҳои кӯтоҳ

САФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ АЙНӢ БИДУНИ ПЕШВОЗГИРИҲОИ ПУРДАБДАБА СУРАТ МЕГИРАД

Сафари Президенти Тоҷикистон ба ноҳияи Айнӣ бидуни рақсу суруд
доир мешавад. Хонандагоне, ки тӯли ду моҳ барои пешвоз гирифтани
Президент тайёрӣ медидаанд, ҳамаро хона ба хона ҷавоб додаанд.
Дар ин бора чанд манбаи наздик ба масъулони омодасозии ин сафар
хабар доданд. Агар ин хабар рост бошад, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба
ноҳияи Айнӣ нахустин сафари ӯ ба навоҳӣ хоҳад шуд, ки бидуни
дабдабаву тантана, хоксорона хоҳад гузашт. Ин манобеъ чунин
тасмимро ба мавҷи нави коронавирус дар кишвар ва даргузашти
хоҳари президент Қурбонбӣ Раҳмонова дар як ҳафтаи пеш рабт
медиҳанд.
Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи чанд иншооти
ҷашнӣ рӯзи 28 июл ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд сафари корӣ анҷом
диҳад.

Гуфта мешавад, ин сафари кории президент дар ҳолест, ки ду моҳ боз
хонандагони мактабҳо ва кормандони сохторҳои давлатӣ дар ноҳияи
Айнӣ барои пуршукуҳ пешвоз гирифтани президент тамрин доштанд,
вале сафари индаъфаинаи президент, бино ба иттилои дарёфтӣ, бе
тантанаҳои хос доир мегардад.
Як манбаъ аз Ҳукумати вилояти Суғд ба шарти бурда нашудани номаш
ба пойгоҳи хабарии “Бомдод”гуфт: “Дар назар аст, ки сарвари давлат
санаи 28 июл ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳия
омада, дар маросими ифтитоҳи чандин иншоти ҷашнӣ, аз ҷумла
ифтитоҳи парчам ва нишон дар маркази ноҳия, ифтитоҳи варзишгоҳ
ва ҳавзи шиноварӣ дар назди фурудгоҳи ноҳияи Айнӣ, ифтитоҳи боғи
интенсивӣ дар деҳаи Сангистон иштирок кунад.”
Ӯ афзуд, дар аввал нақшаҳо дигар буданд, бояд президентро бо як
тантанаи хос пешвоз мегирифтанд, вале бо сабаби бемории
каронавирус ва даргузашти хоҳари президент, барнома дигаргун карда
шуд. Мегӯяд манбаи мо.

Дар идома ӯ иброз дошт, ки ба хотири пешвозгирии президент
кормандони тамоми сохторҳои давлатӣ ва хонандагони мактаб ҷалб
гардида буданд, ки тӯли ду моҳ тамрин доштанд, вале ҳамаи онҳоро
ҷавоб доданд, зеро дастур омад аз Душанбе, ки сарвари давлат ба
таври оддӣ пешвоз гирифта шавад.
Др аввал гуфта мешуд, ки президент моҳи март дар иди Наврӯз ба Айнӣ
меоянд, баъдан ба иди Ваҳдат гузошта шуд, ҳоло 28 июл муқарар
гардидааст.
Ин сафари Президент др ҳолест, ки чанд сол қабл ҳангоми санги асос
гузоштан ба корхонаи ТАЛКО ГОЛД Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ба
хотири ҷалб кардани хонанадагони мактаб сарзаниш карда буд, ки чаро
дар ин сардӣ хонандагонро ҷалб кардед?
Ноҳияи Айнӣ яке аз ноҳияҳои саноатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад,
ки пас аз шаҳри Душанбе дувумин пуркунандаи буҷа гуфта мешавад.
Ҳоло дар ноҳияи Айнӣ чандин коргоҳои санаотӣ, аз ҷумла корхонаи
муштараки Тоҷикистону Амрико, конҳои “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи
боло”- ширкати ТВЕА , сохтумони корхонаи ТАЛКО ГОЛД ва чандин
корхонаҳои истеҳсоли ангишт, аз қабили “Фон Яғноб”, “Фароз” ва
ТАЛКО Ресурс фаъолият мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button