Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Тирпарронии даҳшатбор дар намоишгоҳ

Бар асари тирпарронӣ дар намоишгоҳи автомобилие дар як боғи Лос-Анҷелес дастикам 7 нафар маҷрӯҳ шуданд ва пулис то ҳол натавонистааст ҳамлагаронро дастгир кунанд

ДУШАНБЕ, 25 июл —  Дар Пек Парки Лос-Анҷелес тирпарронии даҳшатбор рух дод, менависад сомонаи идораи оташнишонии шаҳр.

Тибқи маълумоти тасдиқнашуда, тақрибан 10 нафар ба сӯи мардум оташ кушодаанд. Дар натиҷа дасти кам ҳафт нафар маҷрӯҳ шуданд.

Онҳо ҳангоми иштирок дар намоишгоҳи автомобилӣ захмӣ шуданд, ки миёнашон чаҳор зан ва се мард будаанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳоло се нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Бархе аз расонаҳо бо такя ба шоҳидони айнӣ хабар медиҳанд, ки имкон дорад, кушташудагон низ бошанд. Шоҳидони ҳодиса ҳамчунин мегӯянд, ки онҳо беш аз 20 садои тири тирро шунидаанд, ки ба сӯи издиҳоми холӣ карда шуд.

Дар пайи ҳодиса пулис низ ба ҷои ҳодиса шитофт, то муайян кунад, ки сабаби тирпарронӣ чист. Ҳамчунин маълум аст, ки маъмурони интизомӣ омилони ин ҳодисаро то ҳол боздошт накардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button