Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Тоҷикистон идораи тақсимоти барқро ба хориҷиҳо дод: ҳукумат чӣ мехоҳад?

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ҳукумати ҷумҳурӣ аз додани зимоми идораи тақсими барқ ба хориҷиҳо чӣ интизориҳо дорад

ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки мудирияти шабакаи тақсимоти барқи ҷумҳуриро ба дасти хориҷиҳо диҳад.

Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Ӯ тавзеҳ дод, ки ин кор дар доираи ислоҳоти низоми энергетикии кишвар анҷом шудааст, ки тибқи он «Барқи тоҷик» ба се қисм -истеҳсолу интиқолу тақсимот ҷудо гардид.

Вай мудирияти дурустро махсусан дар бахши тақсимот муҳим хонда, афзуд, ки дар 5 соли оянда идораи ин бахш ба ду ширкати хориҷӣ вогузор шудааст.

Ба гуфтаи вазир, маҳз дар бахши тақсимот талафот нисбатан зиёд мебошаду ҳадаф роҳандозии мудирияти дуруст дар соҳа ва кам кардани талафот мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button