ВарзишВидеоТаърихЧеҳраҳо

55 СОЛ №1: АВВАЛИН ГУЗОРИШИ УСТУРАИ ЗИНДАИ ЖУРНАЛИСТИКАИ ТОҶИК НАРЗУЛЛО ЛАТИПОВ

Нахустин гузориши устураи зиндаи журналистикаи варзишии тоҷик Нарзуллло Латипов аз стадиони ба номи М.В. Фрунзеи шаҳри Душанбе, ки ҳоло варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ном дорад, ба воситаи Радиои Тоҷикистон 55 сол муқаддам, 10-уми июни соли 1969, садо дода буд.  Акои Нарзулло он вақт ҳамагӣ 17 сол дошт!

Дар бораи ин сана дар саҳифааш дар Фейсбук худи Нарзулло Латипов ёдоварӣ кардааст.

Дастаҳои ҷумҳуриамон – «Энергетик»-и Душанбе ва «Помир»-и Ленинобод бозӣ мекарданд. Ҳарду дар чемпионати СССР ба гурӯҳи дуюми класси «А», зергурӯҳи чаҳорум, дохил буданд.

Хуб дар хотирам монда, ки бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи «Энергетик» анҷом ёфт”, – нақл кардааст Нарзулло Латипов.

Мавсими соли 1969 барои футболбозони Душанбе бобарор гардид. «Энергетик» зери роҳбарии сармураббӣ Иван Василевич Ларин дар байни 21 даста ҷойи чаҳорумро соҳиб шуда, ба лигаи якуми чемпионати футболи СССР, ки нав ташкил ёфта буд, роҳхат гирифт. Аз соли 1970 номи даста «Помир» шуд ва маҳз “Помир” минбаъд саҳифаҳои тиллоии идомаи таърихи футболи тоҷикро навишт. Дар навиштани ин саҳифаҳои тиллоӣ дар таърихи варзиши тоҷик Нарзулло Латипов низ бо гузоришҳои зиндааш аз варзишгоҳи ба номи Фрунзе саҳми худро мегузошт.

Ман 19 сол дар лигаи аввал ва се соли дигар дар лигаи олӣ бетанаффус шореҳӣ кардам. Он замон дар Тоҷикистон як телевизион ва як радио буд.

Солҳои 1978-88 давраи авҷи бозии дастаи “Помир” дар лигаи якум буд. Соли 1988 даста ба лигаи олӣ роҳхат гирифт ва се сол, то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар лигаи олӣ бозӣ кард.

Охирин чемпионати СССР байни дастаҳои лигаи олӣ, ки соли 1991 баргузор шуд, барои “Помир” бобарор гардид. Душанбегиҳо бори дуюм пайиҳам ба даҳгонаи зӯртарин дастаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шуданд”, –  ба ёд меорад он даврони авҷи шуҳрати футболи тоҷикро шореҳи шинохтаи варзиш.

Аммо баъд Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ пошид ва баъди чанде тими шуҳратёри “Помир” низ аз байн рафту ҳама футболбозону мураббиёни ҳайъати тиллоияш ба дастаҳову кишварҳои гуногун пароканда шуданд. Аммо Нарзулло Латипов ҳамчунон ба навиштани таърихи варзиши Тоҷикистони инак мустақил ба сурати хастагинопазир ва бидуни яъсу навмедӣ идома медод. Соли 2019 дар хонааш дар Лучоб ҳатто осорхонаи варзиши тоҷикро таъсис дод.

Ҷолиб ин аст, ки дар вақташ як иштибоҳ ӯро ба журналистика оварду як тасодуф риштаи умрашро ба касби шореҳии варзиш пайваст.

Нарзулло Латипов соли 1952 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Волидони ӯ аз ноҳияи Файзобод буданд. Нарзулло Латипов алакай дар солҳои таҳсилаш дар мактаб дар радиои Тоҷикистон муҷрии барномаи “Субҳи пионерӣ” ва дар телевизион муҷрии барномаи “Гулхан” буд. Вале ӯ, ки мухлиси ҳунари Маҳмудҷони Воҳид ва Ато Муҳаммадҷонов буд, орзуи ҳунарпеша (актёр) шуданро дошт ва баъди бо медали нуқра хатм кардани мактаби миёнаи №34-и пойтахт ба ГИТИС – Донишкадаи давлатии ҳунари театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Маскав ҳуҷҷат супурд. Аммо дар комиссияи қабул дар ҳуҷҷатҳои ӯ “нуқсон” ёфтанд: дар бархе ҳуҷҷатҳо насаби ӯ “Латифов” ва дар бархе ҳуҷҷатҳои дигар бо имлои русӣ “Латыпов” навишта шуда буд ва ба ин далел ҳуҷҷатҳояшро гардонданд. Азбаски вақт барои ислоҳи ҳуҷҷатҳо намонда буд, Нарзулло Латипов барои онки як солаш беҳуда наравад, ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супурд.

Ҳанӯз донишҷӯ буд, ки боз як тасодуфи дигар сарнавишти баъдии ӯро барои умрбод муайян кард, Соли 1969 радиои Тоҷикистон барои қабули шореҳони варзиш озмун эълон кард. Нарзулло Латипов низ бахти худро санҷиданӣ шуда, ба ин озмун ҳуҷҷат супурд ва Аминҷон Шукӯҳӣ, шоир ва адиби машҳури он даврон, ки раҳбари Кумитаи давлатии телевизион ва ражиои Тоҷикистон буд, Нарзулло Латиповро ба кор гирифт ва бо ҳамин идомаи риштаи умри ӯро бо журналистикаи варзишӣ пайваст.

Фикр накунем, Нарзулло Латипов, ки дар ин 55 соли майдондорӣ дар ин арса ба устураи журналистикаи варзишии Тоҷикистон табдил ёфт ва мухлисони сершумораш ӯро “Николай Озерови тоҷик” ном мебаранд, аз инки  дар ин майдон монд, пушаймон шуда бошад.

Дар ин майдон Устод Нарзулло Латипов инак 55 сол боз шореҳи №1 буд, ҳаст ва хоҳад монд!

Якто, нотакрор ва беҳамто!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button