КоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

27 ҳазор сомонӣ ҷарима. Ҷазои як корманди милиса дар Суғд барои гирифтани пора

Ӯ ҳамчунин, зарарро барқарор ва ду сол аз ҳаққи кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳрум шудаст.

Як корманди шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои гирифтани пора 27 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, ду сол аз ҳаққи кор дар мақомоти корҳои дохилӣ маҳрум шудааст. Дар ин бор аз Додгоҳи вилояти Суғд хабар доданд.

Ҳукми Шерзод Тоҷибоев, корманди шуъбаи хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 30-юми май аз сӯи додраси Додгоҳи вилояти Суғд Боир Зоирзода содир шудааст.

Ӯ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи майи соли равон “ба боварии Зиёвуддин Кароматуллозода, як сокини шаҳри  Хуҷанд даромада, бо суйистифода аз мақоми хизматӣ барои ба кор қабул кардан ба шуъбаи «Муҳофиза»-и ВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 4 ҳазор  сомонӣ гирифтааст”.

Бо ҳукми Додгоҳи вилояти Суғд Шерзод Тоҷибоев барои қаллобӣ (моддаи 247 қисми 2) 27 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муддати ду сол маҳрум карда шуд.

Инчунин, ӯ 4 ҳазор сомонӣ зарари расонидаро барқарор кардааст.

Назари худи Шерзод Тоҷибоев, вакили дифоъ в аназдиокни ӯ ба ин ҳукм маълум нест.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button