Хабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ ҲАВОШИНОСОН: ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД СЕЛ МЕОЯД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистонрӯзи 11 июни соли 2024  бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ хабар дод, ки давоми шабонарӯзи оянда дар қаламрави вилояти Суғд дар шимоли ҷумҳурӣ хатари баланди фурӯ рехтани селҳо боқӣ мемонад.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони манотиқи шимоли Тоҷикистон машварат медиҳад, ки  ҳадалимкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, аз ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳо ва шикору моҳидорӣ дар минтиқаҳои кӯҳистон ва кӯҳдоман худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин аз сокинон ва ронандагон хоста шудааст, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳистон хеле эҳтиёт кунанд. Аз сокинон ҳамин тавр хоста мешавад, ки селпартоҳо ва ҷӯю сойҳоро даор атрофу канори хонаҳо ва маҳалли зисти худ аз пеш тоза кунанд.

Дар сурати пеш омадани ягон ҳодисаи фавқулодда, сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ метавонанд бо рақамҳо ба хадамоти наҷот занг бизананд: 112, (992 37) 223 13 11 , (992 37) 221 91 19 ё , (992)  93 880 28 19.

Ёдовар мешавем, давоми моҳи май Тоҷикистон ба чандин мавҷи офатҳои табиӣ, асосан селу боришоти шадид рӯбарӯ шуд. Дар натиҷа, даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва ба сокинон ба маблағи даҳҳо миллион сомонӣ зарар расид.

Ҳоло дар Душанбе як нишасти байналмилалӣ пиромуни масоили обу пиряхҳо идома дорад, ки як мавзӯаш асароти афзоиши офатҳои табиии марбут ба обу пиряхҳо, аз ҷумла селҳои харобиовар, ва роҳҳо мубориза бо ин офатҳост.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button