Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҚАТЛИ ЯК ҶАВОН БО ҚАЙЧӢ, ЗАНОЗАНӢ БО ХИШТУ ЧӮБ, ДУЗДИИ “АЙФОН” ВА ҚАЛЛОБӢ БО “БМВ”

Дастгир гардидани ноболиғи 17-сола бо ҷурми одамкушӣ

921

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда шаби 7-уми июни соли 2024, тахминан соати 23:30-дақиқа, ҳангоми дар назди сартарошхонаи «Сабур», воқеъ дар хиёбони И.Сомонии шаҳри Истаравшан қарор доштанаш бо ҷавони 19-солаи сокини шаҳри мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол намуда, аз дохили сартарошхона 1-адад қайчиро гирифта, қасдан ду маротиба ба қафаси синаи ҷабрдида зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо чӯб ва хишт

65

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуда, ки марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 5-уми июни соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар назди бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Хуҷанд бо марди 40-солаи сокини шаҳри мазкур бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо чӯб ва хишти аз ин ҳудуд дарёфт намудааш ба сару рӯяш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани дуздии телефони мобилии тамғаи «Айфон”

32

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов аризаи ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 2-юми июни соли 2024, тахминан соати 14:20-дакиқа, ҳангоми дар ҶДММ «Искандар» қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-13 Про»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Азхуд намудани автомашинаи тамғаи “БМВ” бо роҳи қаллобӣ

85

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи апрели соли 2024, ҳангоми дар кӯчаи Абдуллобеков қарор доштанаш марди 35-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад воситаи нақлиёти тамғаи “БМВ”-ро ба маблағи 27 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button