Коррупсия

ЭҲ, ҲАБИБОВ, ҲАБИБОВ… БОЗДОШТИ КОРМАНДИ АНДОЗИ ВАҲДАТ  ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 июни соли 2024 аз ошкор шудани як ҳолати гирифтани пора аз тарафи корманди нозироти андози шаҳри Ваҳдат хабар дод.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Ҳабибов З.К. аз 3 октябри соли 2023 то кунун дар вазифаи мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Ваҳдат кору фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор дар давраи фаъолияти кориаш ба ҷинояти гирифтани пора даст задааст.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда мегӯяд: “Чунончи, Ҳабибов З.К. зимни фаъолияти хизматиаш қасди ба даст овардани фоидаи муфтро назди худ пеша намуда, давоми моҳи марти соли 2024 аз шаҳрванд С.С. барои тартиб додани санади муқоисавӣ ва мусоидат кардан ҷиҳати қатъ намудани фаъолияти соҳибкории хешовандаш Ҳ.А., ки иҷрои амали мазкур ба доираи ваколати мансабиаш дохил мешуд, маблағи 10 000 сомониро ба сифати пора талаб карда гирифт, ки дар натиҷа аз тарафи кормандони Агентӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуд”.

Дар робита ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҳабибов З.К. бар асоси моддаи 319, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардид.   Худи Ҳабибов З.К. ваё адвокати ӯ ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале ба ӯ бар асоси қисми якуми моддаи 319 барои гирифтани пора аз тарафи шахси мансабдор ҳамчун ҷазо ҷаримаи ҳангуфт  ба андозаи аз 3 ҳазору 650 то  9 ҳазору 125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 262 ҳазору 900 сомонӣ то 657 ҳазор сомонӣ ваё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол таҳдид мекунад.

Идораҳои андоз дар Тоҷикистон дар ҷумлаи ниҳодҳои фасодзадаи давлатӣ ном бурда мешаванд. Ҳар сари чанд вақт дар бораи боздошти чандин корманди андоз бо иттиҳоми гирифтани пора ва дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ хабарҳо ба даст мерасанд. Вале таҳлилгарон мегӯянд,  ки мақомоти Тоҷикистон асосан  худро ба шикори моҳичаҳои хурди дарёи андозро андармон карда,  барои шикорҳои наҳангҳои бузурги ин дарё, ки аксараш дар радаҳои болоии ҳукумат пуштибонҳо ва ҳомиёни пурнуфуз доранд, ҷуръат намекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button