Минтақа ва ҶаҳонМУҲОҶИРОН

РОҲИ АМРИКО АЗ ТАРИҚИ МЕКСИКАРО БА РӮИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК МЕБАНДАНД

Ба марзбонони аёлати Калифорнияи Амрико амр додаанд, ки муҳоҷирон аз 6 кишвари собиқ СССР: Русия, Гурҷистон, Молдова, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро, ки аз тариқи Мексика вориди Амрико мешаванд, билофосила ва бидуни  пурсишу чуну чаро аз Иёлоти Муттаҳида ихроҷ кунанд. Дар ин бора рӯзи 11 июни соли 2024 нашрияи амрикоии “The New York Post” бо такя ба гузоришҳои ду нашрияи дигари амрикоии “Fox News” ва “The Washington Examiner” ва ҳамчунин бо нашари як номаи хидиматӣ, ки ба дасташ расидааст, хабар дод.

Бар асоси ин санад, ба марзбонони  Калифорния дастур додаанд, ки муҳоҷирон аз беш аз 100 кишвари дигари хориҷ аз Амрикои шимоливу ҷанубиро, ки аз роҳи Мексика вориди Иёлоти Муттаҳида мешаванд, иҷозати вуруд бидиҳанд, вале бидуни ироаи ҳаққи паноҳандагӣ. Барои онҳо рӯзи мурофиаи додгоҳӣ таъйин карда мешавад ва сипас бо ҳукми додгоҳ аз Амрико берунашон мекунанд.

Ва он ҳам бо вуҷуди шадидтар шудани сиёсати маъмурияти президенти кунунии Амрико Ҷо Байден нисбат ба муҳоҷироне, ки аз роҳи Мексика ба Иёлоти Муттаҳида меоянд.

В аммо муҳоҷирон аз Русия, Гурҷистон, Молдова, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҳаққи вуруд ба Амрико мутлақо маҳрум гардида, ба марзбонони Калифорния иҷозат додаанд, ки онҳоро билофосила аз хатти марз ақиб бигардонанд ва бозпас ба Мексика бифиристанд. Сабаби аз муҳоҷирони беш аз 100 кишвари дигар ҷудо кардану дар шароити боз ҳам сахттар қарор додани муҳоҷирон аз Шӯравии собиқ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, шарҳ дода нашудааст.

Ёдовар мешавем, чанд вақт боз роҳи Мексика ба яке аз масирҳои умда барои интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Иёлоти Муттаҳида табдил ёфтааст. Ах ин роҳ барои расидан то хоки ПАмрико ҳазорон муҳоҷир аз собиқ СССР, аз ҷумла аз Русияву кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон фаровон истифода мебурданд.

Ваале ҳоло мақомоти Амрико нисбат онҳое, ки аз тариқи ғайриқонунӣ аз роҳи Мексика мехоҳанд вориди Иёлоти Муттаҳида мешаванд, хеле ба сурати шадид бархӯрд мекунанд. Ба рӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ комилан бастани роҳи Мексика аз ҷумлаи талабҳои вакилони ҷумҳурихоҳи Конгресси Амрико буд, ки барои ин ҳатто қабули бастаи нави кумакҳои ҳарбӣ ба Украинаро чандин моҳ ба ақиб партофтанд. Дар ниҳоят маъмурияти президент Байден ҳамчун гузашт сиёсаташро нисбат ба муҳоҷирони ғайриқонунии тоза ворид гардида шадид кард ва ҳоло чунин муҳоҷиронро ба таври оммавӣ аз Амрико ихроҷ карда истодаанд.

Ҳамин тавр, бисёре аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ таҳти таҳдиди таҳримоти Амрико тафтиши мусофирони роҳии Мексика ва кишварҳои атрофи онро шадидтар кардаанд ва мусофирони шубҳабарангезеро, ки бо худ чиптаи парвози бозгашт надоранд ва дар дасташон маблағи кофӣ надоранд, бе ягон шарҳу тафсир ба парвозҳояшон роҳ намедиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button