Дин ва боварҳоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ИДИ ҚУРБОН – 16 ИЮН, ИДГАРДАКИ КӮДАКОН ҲАНӮЗ ИҶОЗАТ ҲАСТ, ВАЛЕ ЗЕРИ НАЗОРАТ

Раёсати Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон (собиқ муфтиёт) рӯзи 11 июни соли 2024 дар ҷаласааш қарор қабул кард, ки иди саиди Қурбон дар ҷумҳурӣ рӯзи якшанбе, 16 июн таҷлил ва намози ид соати 06:00 баргузор карда шавад. Кумитаи дин иловатан гуфт, идгардаки кӯдакон дар ид ҳанӯз иҷозат дода мешавад, вале бояд таҳти назорат сурат бигирад.

Бино ба иттилои нашршуда дар сомонаи расмии Шӯрои уламо, дар оғози ҷаласаи раёсати ин ниҳод раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шӯроро ба муносибати даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, афзудааст, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рузи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рузи якшанбеи 16-уми июн рост меояд. Пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор кард:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Қурбон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи якшанбе 16-уми июн соли 2024 таҷлил карда шавад.
  2. Вақти баргузоршавии намози иди саиди қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шавад.

Дар анҷоми ҷаласа муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои Шғро ва имомхатибон хостааст, ки “дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд”.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон илова кардааст, ки инчунин, тибқи қарори Шӯрои уламо имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, инчунин назорати кӯдакону наврасон аснои “идгардак” ҷалб намоянд.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз сокинони Тоҷикистон нигарон буданд, ки мақомот алакай дар иди Қурбон монеи идгардаки кӯдакон хоҳанд шуд, чунки баъди чанд соли кӯшишҳои бебарори мақомот барои манъи идгардак 8 майи соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи дин иловаҳо ба қонуни танзими ҷашну маросимро қабул кард, ки бар асоси яке аз ин иловаҳо идгардаки кӯдакон дар идҳои Рамазону Қурбон бояд манъ карда шавад.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим рӯзи 8 май дар Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим ба вакилон гуфта буд: “Дар моддаи 9-и лоиҳа… бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”. Давлатзода таъкид карда буд, ки “дар кишварҳои дигар низ идгардак дар шакли мавҷуда ба мушоҳида намерасад”.

Аммо ахиран нашрияи “Оила” аз қавли Зайнаб Ҳусейнова, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод, ки ин тарҳи нав ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва ба ин далел, зимни баргузории ҷашну маросим меъёрҳои амалкунандаи қонуни танзим эътибор дорад.

“Дар қисми 4-и моддаи 7-и қонун омадааст: Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст”. Тавсияи мақоми ваколатдор низ ба ҳамватанон ин аст, ки аз ҳама гуна исрофу зиёдаравӣ худдорӣ кунанд, махсусан гаштугузори фарзандони худро назорат кунанд, то бетаваҷҷуҳӣ дар ин масъала бо ҳодисаҳои нохуше анҷом наёбад”, – гуфтааст Зайнаб Ҳусейнова.

Қарор аст, тарҳи нави қонуни танзим рӯзи 19 июн дар Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумон баррасӣ шавад. Аммо сарусадои зиёде, ки ин қонун ба по кард, ба вижа манъи дар маконҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либоси “ба фарҳанги миллӣ бегона”, эҳтимолеро ба вуҷуд овардааст, ки шояд мақомот аз қабули ин тағйироти баҳсбарангез худдорӣ кунанд. Зери мафҳуми “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” мақомоти Тоҷикистон дар асл ҳиҷоб ва дигар либоси динии занонаро дар назар доранд, вале инро бисёриҳо ҳамчун ҳамла ба арзишҳои динии мардум қаламдод карданд ва бархе рӯҳониён аз хориҷ ҳатто ба “ҷиҳод” ба зидди ҳукумати Тоҷикистон даъват карданд. Баъди чунин вокунишҳо рейдҳои ҳанӯз то қувваи қонунӣ гирифтани тарҳи нави қонун авҷгирифта ба зидди ҳиҷобпӯшон якбора қатъ шуданд ва рӯҳониён ва мақомот акнун талош доранд, то ба мардум бифаҳмонанд, ки манзури мақомот манъи ҳиҷоб набуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button