Хабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗАИ ДУЮМ ДАР ДУ РӮЗИ ОХИР ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТӮС ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

Cубҳи 11 июни соли 2024, соати 09:13 ба вақти маҳаллӣ дар марзи  Тоҷикистону Ӯзбекистон боз як заминларза бо иқтидори беш аз 4 балл тибқи ҷадвали Рихтер рух додааст. Ин алакай дуюмин заминларза дар ҳамин мавзеъ дар ду рӯзи гузашта аст.

Пойгоҳи Еarthquaketrack.com, ки ҳар заминларзаи рухдода дар сайёраро пайгирӣ ва сабт мекунад, хабар дод, ки маркази заминларзаи ахир, ки бо иқтидори 4,2 балл тибқи ҷадвали Рихтер дар умқи 25 километр рух дод, дар 38-километрии шимолушарқи Тартиқӣ, дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ҷойгир шуда буд.

Маркази пешбинии заминларзаҳои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, ки заминларзаҳо дар тамоми Осиёи Марказиро пайгирӣ ва сабт мекунад, хабар дод, ки маркази заминларза дар тақрибан 400-километрии ҷанубуғарби Тошканд, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритӯси Тоҷикистон, дар наздикии марзи ин кишвар бо Ӯзбекистон ҷойгир шуда, иқтидораш 4,3 балл будааст. Бино ба иттилои зилзиланигорони ӯзбек, иқтидори заминларза дар Шӯрча, ки аз маркази ин офат дар фосилаи 36 километр ҷойгир шудааст, 2-3 балл ва дар дигар ноҳияҳои вилояти бо Шаҳритӯс ҳамсояи Сурхондарёи Ӯзбекистон то 2 баллро ташкил додааст.

Ёдовар мешавем, субҳи 10 июни соли 2024, соати 08:14 ба вақти маҳаллӣ тақрибан дар ҳамин мавзеи марзи  Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар -километрии як заминларза бо иқтидори беш аз 4 балл тибқи ҷадвали Рихтер рух дода буд.

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин ду заминларзаи ахир ягон иттилоия нашр накардааст. Дар бораи хисороту талафот бар асари ин ду офати табиӣ низ то ҳол гузорише ба даст нарасидааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 6 зилзила,  дар як моҳи охир 21 заминларза ва дар як соли охир 232 заминларзаро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button