Коррупсия

Боздошти як корманди нозироти андози Ваҳдат барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пора

Ӯ барои мусоидат ҷиҳати қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ пора талаб кардааст

Як корманди Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пора аз як шаҳрванд дар ҷои ҳодиса дастгир шуд, хабар медиҳад, маркази матбуоти Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон.

Ин ниҳод, аз ӯ Ҳабибов З.К., мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Ваҳдат ном бурдааст, ки аз моҳи октябри соли 2023 дар ин мақом кор мекард.

Ӯ моҳи марти соли 2024 аз як шаҳрванд “барои тартиб додани санади муқоисавӣ ва мусоидат кардан ҷиҳати қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ” 10 ҳазор сомонӣ пора талаб карда, зимни гирифтани маблағҳо аз тарафи кормандони Оҷонсии зиддифасод дар ҷойи ҳодиса дастгир гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло нисбати Ҳабибов барои гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор (моддаи 319 қисми 1) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ аз 262 ҳазор то 657 ҳазор сомонӣ ҷарима (аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо-як нишондиҳанда 72 сомонӣ) ё то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари худи Ҳабибов, наздикон ва вакили дифои ӯ маълум нест.

Боздошти корманди нозироти андози Ваҳдат барои ришваситонӣ ҳодисаи нав нест. Қаблан, низ як корманди дигари ин ниҳодро барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ ришва боздошт карда буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button