Хабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗА БО ИҚТИДОРИ БЕШ АЗ 4 БАЛЛ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар доданд, ки Cубҳи 10 июни соли 2024, соати 08:14 ба вақти маҳаллӣ дар марзи  Тоҷикистону Ӯзбекистон як заминларза бо иқтидори беш аз 4 балл тибқи ҷадвали Рихтер рух додааст.

Бино ба иттилои пойгоҳи Еarthquaketrack.com, маркази офати табиӣ дар 36-километрии ҷанубушарқи шаҳри Шӯрчаи вилояти Сурхондарё дар ҷануби Ӯзбекистон ҷойгир шуда, замин дар умқи 10 км ва бо шиддатти 4,5 балл тибқи ҷадвали Рихтер ларзидааст.

Аммо Маркази пешбинии заминларзаҳои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, ки заминларзаҳо дар тамоми Осиёи Марказиро пайгирӣ ва сабт мекунад, хабар дод, ки маркази ин заминларзаи ахир дар  қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шуда буд ва иқтидори заминларзаи субҳи 10 июн дар марказаш 4,7 баллро ташкил додааст. Зилзиланигорони ӯзбек ҳамчунин хабар додаанд, ки дастгоҳҳои онҳо дар умқи 120 километр ларзидани бистари заминро сабт кардаанд. Ба иттилои ин ниҳод, шиддати заминларза дар шаҳри Тирмиз ва ноҳияҳои вилояти Сурхондарё, аз ҷумла дар Шӯрча ҳамагӣ то 2 балл будааст.

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи ин заминларза ягон иттилоия нашр накардааст.

Дар бораи хисороту талафот бар асари ин офати табиӣ то ҳол гузорише ба даст нарасидааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 5 зилзила,  дар як моҳи охир 20 заминларза ва дар як соли охир 230 заминларзаро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button