ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

ПУЛ ТЕ, КИ БАЧААТ МЕМИРАД… ҚИССАИ СОКИНИ ВАРЗОБРО ФИРЕБ ДОДАНИ ДУ ЗАНИ ҶӮГӢ АЗ ӮЗБЕКИСТОН (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Милитсия – ҳомии ҷомеа”, ки рӯзи 7 июни соли 2024 нашр шуд, аз боздошти ду лӯлизан аз вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон бо иттиҳоми мардумфиребӣ хабар дод.

Бино ба гузориши нашршуда, Зулола Сайфуллоева, соли таваллудаш 1994 ва Юлдуз Бердиева, соли таваллудаш 1992, сокинони вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон, бо роҳи фиреб ба боварии се зани сокини ноҳияи Варзоб даромада, бо ваъдаи гӯё аз болои сари онҳову наздиконашон дур кардани хатари сеҳру ҷоду  пулу молу ин шаҳрвандонро тасарруф кардаанд.

Аз ҷумла ин ду лӯлизан соли 2023 барои талбандагӣ деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб рафтаанд ва ба вориди хонаи як зани 57-солаи деҳаи Ҳушёрӣ шуда, аз ӯ як пиёла чой хостаанд. Вақте соҳибхона барои овардани чой меравад, бо истифодаи аз ҳилаи хос дар як гӯшаи ҳавлии он зан “ҷоду”-и аз пеш тайёркардаашонро пинҳон кардаанд ва сипас он занро тарсондаанд, ки хонаводаи ӯро касе ҷоду кардааст ва агар он ҷодуро ёфта, набароранд ва накушоянд, фарзандаш худкушӣ мекунад. Дар натиҷа, аз соддагии он зан сӯиистифода бурда, ин ду лӯлизан 23 ҳазор сомонӣ пули нақд, ду телефон ва ороишоти тиллоии сокини Ҳушёриро аз они худ кардаанд.

Зулола Сайфуллоева дар ин гузориш ҷараёни ба доми “ҷоду”-яшон афтондани зани сокини деҳаи Ҳушёриро чунин нақл кард: “Мо тарафи Варзоб омадем. Ба хонаи як зан даромадем. Ӯ ба мо чой дод. Сонӣ, мо гуфтемаш, ки хонаат бӯи хун мекунад, ҷоду ҳаст дар хонаат, кӯдакат мемирад. Он зан кӯдакам намирад гуфта, аз мо хост, ки ҳамон ҷодуро ёфта диҳем. Мо рафтем, замини ҳавлиашро кофтем ва чашмашро ғалат дода, ҳамон “ҷоду”-ро аз дастамон партофем дар ҳамонҷо ва сипас он қуфлро ёфта, тарсондемаш, ки агар ҳаминро накушоем,  кӯдакат мемирад. Гуфтемаш, ки ҳамагӣ як ҳафта вақт дорад. Вай кӯдакам намирад гуфта, 23 ҳазор сомонӣ бароварду дод, мо гирифта, омадем”.

Зани фиребхӯрда дар гузориши ВКД нақл кард, ки вақте ба вай гуфтанд, ки фарзандаш дар байни як ҳафта худро ба дор меовезад, ба ҳолати шок афтод ва чунон даступо хӯрд, ки чӣ кор карданашро надонист.

“Гуфт, ки бачаат худро дор мекашад ҳамин ҳафта. Гуфт, ягон чӣ биёр, ки ман ҳамин ҷодуро кушоям ва пеши роҳи худкушии бачаатро бигирам. Ман дигар дар шок ғалтидам ва намедонам, ки дигар чӣ кор кардам ё накардам. Дуто телефон гирифтанд: телефони худамро гирифтанд, телефони шавҳарамро ҳам гирифтанд. Гӯшворамро гирифт, чалаамро гирифт, 23 ҳазор сомониамро гирифт. Пули духтарчаам буд. Ман гуфтам, ки ман надорам сӯм охир. Чӣ хеле кард маро, чӣ корам кард, ки… Ман мегӯям, эй занак, ман пул надорам, вале вай исрор мекард, ки биёр, биёр, ки ҳозир ҳамаат мекафед…”  – нақл мекунад ин зан.

Баъди тасарруфи пулу моли ин зани сокини Варзоб Зулола Сайфуллоева ва Юлдуз Бердиева тарки Тоҷикистон карда, ба зодгоҳашон, вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон баргаштаанд. Вале чанд рӯз пеш тибқи одати “тарки одат – амри маҳол” барои идомаи “шикор” боз ба ноҳияи Варзоб омада, бо истифода аз айни усули фиреб ва таҳдид бо “ҷоду” аз як сокини деҳаи Яккачашмаи ҷамоати Айнӣ 900 сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф карда, аз як зани дигари сокини ноҳияи Варзоб низ бо баҳонаи “баровардани ҷоду” 1230 сомонӣ, 5 ҳазор рубли русӣ, гӯшвор ва 5 либосвор матои занонаро аз они худ кардаанд.

ВКД мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб, шумори сокиноне, ки ба доми фиреби ин ду лӯлизан афтодаанд, хеле бештар аз танҳо ин се нафар аст.

Боздошти ин ду лӯлизан дар ҳолест, ки сохторҳои ВКД аз моҳи феврал ба ин сӯ дар саросари Тоҷикистон амалиёти густардаеро ба зидди онҳое, ки ба фолбинӣ, ҷодугарию ҷодубарорӣ ва дуохонию ҷинбарорӣ машғуланд, ба роҳ андохтаанд ва то имрӯз дар бораи боздошти беш аз 200 нафар барои чунин кирдор, ки мақомот онро қаллобӣ ва мардумфиребӣ мешуморанд, гузоришҳо нашр кардаанд.

Инак чанд моҳ боз барномаҳои телевизионии ВКД  – “Ахбори ВКД”, “Милитсия – ҳомии ҷомеа” ва ““Милитсия хабар медиҳад” – ҳама моломоли хабару гузоришҳои навбанав дар бораи боздошти фолбинҳову ҷодугарҳо ва ҷинбарорҳо буда, қариб ҳамаи сохторҳои милитсия ба шикори чунин афрод машғуланд.

Барои мисол, ахиран ВКД гузориш дод, ки ҳатто кормандони раёсати амнияти дохилии ин вазорат чанд нафарро бо иттиҳоми фолбинию ҷодугарӣ дастгир кардаанд. Ин дар ҳолест, ки вазифаи раёсати амнияти дохилӣ, маъруф ба номи “СБ”, мубориза бо қонуншиканиҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ дар байни кормандони милитсия аст, на шикори фолбинҳову ҷодугарҳо ё ҷинбарорҳо.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button