АфғонистонВидеоДин ва боварҳоСиёсатТОҶИКИСТОН

ПОСУХҲО АЗ ТОҶИКИСТОН БА ФАТВОИ ҶИҲОД АЛАЙҲИ ҲУКУМАТ БАРОИ МАНЪИ ҲИҶОБ (ВИДЕО)

Тавре ба назар мерасад, авантюраи кӯтоҳфикронаи манъи ҳиҷоб ба як масъалаи байналмилалӣ табдил ёфта, мақомоти Тоҷикистонро дар рӯбарӯи мавҷи интиқодҳо аз хориҷ дар як ҳолати худдифоӣ қарор додааст. Дар пасманзари ин мавҷи интиқодҳо, бино ба хабарҳои расида, рейдҳои зидди ҳиҷобу ришро дар Тоҷикистон феълан мутаваққиф кардаанд ва инак чанд рӯз боз дар Тоҷикистон маъракаи густардае бо таблиғи инки манзури қонуни қабулшуда дар асл манъи ҳиҷоб набуд, ҷараён дорад. Рӯзи ҷумъа, 7 июни соли 2024 бошад мавзӯи хутбаҳои намози ҷумъа дар тамоми масҷидҳои Тоҷикистон низ ҳамин буд: талқин ба мардум, ки ҳадафи мақомот аз қабули он қонун таблиғи либоси тоҷикӣ буд, на манъи ҳиҷоб, ва интиқод аз Толибон ва рӯҳониёни афғоне, ки ба далели манъи ҳиҷобро ҷиҳодро ба зидди ҳукумати Тоҷикистон фарз донистанд.

Ин ҳама моҷаро аз он оғоз ёфт, ки гуруҳҳои гуногуни мазҳабӣ рӯзи 31 майро рӯзи ҳиҷоб ва эътироз ба манъи он дар Тоҷикистон эълон карданд. Ва рӯзи ҷумъаи гузашта дар чандин масҷид дар хориҷ, аз ҷумла дар Туркияву Афғонистон рӯҳониён хутбаи намозро ба ҳамин мавзӯъ бахшида, аз амалкарди мақомоти Тоҷикистон бо лаҳни тунд интиқод карданд.

Чанд рӯҳонии соҳибминбари афғон, аз ҷумла Аҳмад Фирӯз Аҳмадӣ ва Абдулқадири Ҳомӣ  дар мавъизаҳои худ эълон карданд, ки агар ҳукумати Тоҷикистон аз манъи ҳиҷоб даст набардорад, ҷиҳод алайҳи он барои ҳама фарз мешавад. Чанд имоми турк низ рӯзи ҷумъаи гузашта дар масҷидҳо ба ҳамин мазмун суҳбат карданд, вале азбаски суҳбатҳои Аҳмад Фирӯз Аҳмадӣ ва Абдулқадири Ҳомӣ ба забони дарӣ буд ва барои тамошобинҳояшон дар Тоҷикистон ниёз ба тарҷумон надошт, маҳз онҳо ҳадафи асосии танқидҳо аз Тоҷикистон қарор гирифтанд.  Ҳадафи дигари интиқод Абдулҳамид Хуросонӣ, як фармондеҳи тарафдори Толибон аз миёни тоҷикони Панҷшер буд, ки ӯ билофосила баъди шурӯи рейдҳои зидди ҳиҷоб дар Тоҷикистон таҳдид ба оғози “ҷиҳод” ба зидди ҳукумати Тоҷикистон карда буд.

Маъракаи густарда бо интиқод аз ин рӯҳониёни афғон барои даъваташон ба ҷиҳод алайҳи ҳукумати Тоҷикистон дар аввал бо ҷалби нирӯи “фабрикаи ҷавоб”, як ниҳоди таблиғотии муддатҳо боз фаромӯшшуда ва бекорхобидаи наздик ба мақомоти амниятӣ ба роҳ андохта шуд, вале дар ҷомиаи таъсири чандоне ба ҷо нагузошт ва тавре ба назар мерасид, то ба гӯши мухотабон ҳам нарасид.

Ба ин далел, сар аз рӯзи 6 июн “тӯпхонаҳои вазнин”, яъне рӯҳониёни шинохтаи тоҷик, ба мисли Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, домулло Абдураҳими Қазоқонӣ ва домулло Суҳбатуллоҳро ба ин маърака ҷалб карданд. Ин се рӯҳонии маъруф бо нашри видеоҳои алоҳида тавассути каналҳои марбут ба “фабрикаи ҷавоб” аз рӯҳониёни афғон ва Толибон бо лаҳни хеле тунд ва гоҳо ҳатто бо истифода аз алфози қабеҳ интиқод карданд. Чунин ба назар мерасид, ки суханрониҳои онҳо бо мақомоти амниятӣ зоҳиран аз пеш ҳамоҳанг шуда буд, чунки ҳарсе тақрибан айни ҳарфҳоро мезаданд ва эълони ҷиҳод ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро даъвате бо Толибон ҳамоҳангшуда хонда, Аҳмад Фирӯз Аҳмадӣ ва Абдулқадири Ҳомиро ба хидмат ба Толибон айбдор мекарданд ва аз онҳо  айни суолҳоро мепурсиданд, ки чаро ба зидди равнақ гирифтани ливотагарӣ (бачабозӣ) дар Афғонистону кишту қочоқи маводи мухаддир дар кишвари худ эълони ҷиҳод накарданд ва ҳоло бо амри Толибон мардумро ба ҷиҳод зидди ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунанд?

Ҳамин тавр, дар ТВ Тоҷикистон барномаеро бо даъвати Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва яке аз ташаббускорони қонуни манъи ҳиҷоб  ва муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода ташкил карданд, ки дар он барнома низ талош карданд, то ба мардум талқин кунанд, ки манзури мақомот аз воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои “ба фарҳанги миллӣ бегона”, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъи ҳиҷоб набуд.

Таҳлилгарон ба сурати умум, тағйир дар шеваи бархӯрди мақомот ба масъала, аз ҷумла мутаваққиф сохтани рейдҳо бо водор кардани занону духтарони ҳиҷобпӯш ба бастани  “тоҷикӣ” бастани рӯймолашон ва аз минбари телевизион шахсан дар пеши мардум тавҷеҳ кардани ташаббусашон аз сӯи муаллифони ин авантюраро қадамҳое мусбат мешуморанд ва мегӯянд, вақт аст, ки ин қонун ҳанӯз ба иҷро нодаромада, бекор карда шавад ва онҳое, ки президент ва ҳукуматро бо чунин идеяи хом ва бефикрона “подстава” карданд ва дар як ҳолати ногувор қарор доданд, ҷавоби ин амалашонро бидиҳанд.

https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=pfbid02GT13GgDmoiBRVG5VrVYzXBYVPauxZfAHnK2gigk972MZyMqBgUWTkeuQuNKxj9xnl&id=100071591947176&ref=embed_post&tn=%2CO

https://www.facebook.com/share/v/ayT2gYV9uszkcq36/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button