ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатТОҶИКИСТОН

АЗ ВКД РАФТАНИ ДОМОДИ РАҲИМЗОДА ВА МАНСАБИ БАЛАНДТАРИ САИДЗОДА: 29 ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ ДАР ВКД (НОМ БА НОМ)

7 июни соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои тобеи он таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бо aмри президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед аз вазифа озод ва ба вазифаи машваратчии котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Шодӣ Ҳафиззода тоза моҳи феврали соли 2024 аз мақоми сардори УБОП барканор гардида, моҳи апрел сардори дастгоҳи вазири дохила таъйин шуд, вале дар ин мақом  ҳамагӣ 2 моҳ кор кард.  Сабаби комилан аз саффи ВКД рафтани Шодӣ Ҳафиззода рӯшан нест, вале инро метавон ҳамчун заифтар шудани мақоми вазири дохила Рамазон Раҳимзода арзёбӣ кард. Қарори маълум, Шодӣ Ҳафиззода домоди Раҳмонқул Раҳимзода, муовини аввали мудири Агентии мубориза бо маводи мухаддири  Тоҷикистон ва бародари калонии Рамазон Раҳимзода мебошад.

  • 07/06/2024

Дар айни замон, Шоҳрух Саидзода ба вазифаи сардори раёсати корҳои дохилии пойтахт, яке аз мақомҳои калидӣ дар сохтмори вазорати дохилаи Тоҷикистон таъйин шуд. Шоҳрух Саидзода, аз дӯстони наздики шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалиро яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми вазири дохила мешуморанд ва мансаби нави ин генерали 37-соларо нозирони умур ҳамчун қадами дигаре мешуморанд, ки ба таҷрибаи раҳбарии ӯ афзуда, роҳашро ба сӯи курсии вазирӣ боз ҳам наздиктар мекунад.

Ба ҷои Шоҳрух Саидзода ба мақоми сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Баротзода Тоҳир Барот  таъйин шуд. Баротзода чандин сол сардори Шуъбаи милитсияи фурудгоҳи Душанбе буд.

Рӯзи 7 июни соли 2024 дар мувофиқа бо президент Эмомалӣ Раҳмон ин афрод дар сохторҳои ВКД ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин шуданд:

– генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух ба вазифаи сардори РВКД шаҳри Душанбе;
– полковники милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қудратулло ба вазифаи сардори РВКД дар вилояти Суғд;
– генерал-майори милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор Абдуқаҳҳор ба вазифаи сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт;
– генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД ҶТ;
– полковники милитсия Баротзода Тоҳир Барот ба вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ;
– генерал-майори милитсия Азизуллозода Сафиало Азизулло ба вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ;
– полковники милитсия Алихон Рустам ба вазифаи сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД ҶТ;
– Шайдуллозода Ҷамшед Мирзо ба вазифаи сардори Раёсати алоқаи ВКД ҶТ;
– генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ба вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хафвнок дар ҳудуди ИДМ аз ВКД ҶТ;
– генерал-майори милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Хуросон;
– полковники милитсия Хайруллозода Муҳриддин Хайрулло ба вазифаи сардори ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсӣ;
– полковники милитсия Назарзода Икромҷон Ҳурматулло ба вазифаи сардори ШВКД-2 ноҳияи Фирдавсӣ;
– подполковники милитсия Ҳайдарзода Суҳроб Насруддин ба вазифаи сардори ШВКД-1 ноҳияи Сино;
– полковники милитсия Раҳматзода Иззат Нусрат ба вазифаи сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино;
– полковники милитсия Истамзода Машраф Истамӣ ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Вахш;
– полковники милитсия Файзуллозода Илҳом Файзулло ба вазифаи сардори ШВКД шаҳри Роғун;
– майори милитсия Ниёззода Саидмақсуд Сайдамир ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ;
– подполковники милитсия Азиззода Авазхон Зайдулло ба вазифаи сардори ШВКД шаҳри Хуҷанд;
– подполковники милитсия Чиллазода Вафо Ҷурахон ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Шаҳринав;
– полковники милитсия Одиназода Саидаҳтам Сироҷ ба вазифаи сардори ШВКД шаҳри Ҳисор;
– полковники милитсия Зуҳурзода Шамсиддин Боймурод ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Дарвоз;
– подполковники милитсия Шамсуллозода Баҳром Салом ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Панҷ;
– полковники милитсия Талбакзода Анвар Талбак ба вазифаи сардори ШВКД шаҳри Норак;
– подполковники милитсия Алиматзода Шероз Шавкат ба вазифаи сардори ШВКД шаҳри Истиқлол;
– подполковники милитсия Ҷабборзода Абдулло Қодир ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Қубодиён;
– полковники милитсия Шарифзода Аҳлиддин Ҳомуддин ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Ҷайҳун;
– полковники милитсия Ҷаборзода Илҳом Саттор ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Файзобод;
– подполковники милитсия Аҳмадзода Қобил Шуҳрат ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Деваштич
 таъин гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъиншударо ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардум, ҳушёрию зиракии доимӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ даъват карда, гуфт: “Донистани забонҳои хориҷӣ, бо назардошти таҳдидҳои замони муосир истифода аз технологияҳои рақамӣ, такмили донишу маҳорати касбӣ, омодагии ҷисмонӣ, интихоб ва таъини кадрҳои дорои савияи донишу малакаи баланди касбӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як роҳбари воҳидҳои сохтории вазорат ба ҳисоб мераванд”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз кадрҳои нав хостааст, ки бо коррупсия дар тамоми сохторҳои вазорат муборизаи беамон баранд.

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ 07.06.2024

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button