Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

Боришоти шадид дар манотиқи Тоҷикистон

Бар асари боришоти шадиди рӯзи 5 май дар як қатор ноҳияҳои Тоҷикистон селу лойқа фаромаданд.

Сел дастикам ду пулро вайрон кард.Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони минтақаҳои ҷумҳурӣ сурату наворҳо мегузоранд. Дар онҳо дида мешавад, ки чӣ гуна маҷрои сел хонаву роҳҳоро зер мекунад.

Боришоти пуршиддат ба фаромадани селу лойқа дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ боис гардид. Дар яке аз наворҳо маҷрои хеле калони об пулро шикаст.

Боз як пули автомобилгард дар ноҳияи Нуробод вайрон шуд. Ҳаракати нақлиёт тариқи ин пул, ки дар роҳи мошингарди Лабиҷар — Сангвор воқеъ аст, комилан баста шуд.


Рӯзи 5 май дар Ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилояти Суғд, ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон ва ҳамчунин ноҳияи Дарвоз борони пуршиддат борид.

Дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ва жола борид. Масалан, дар ноҳияи Хуросон чунин жола борид.

Дар робита ба боришоти пуршиддат дар дарёҳои Яхсу, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳои доманакӯҳи қаторкӯҳи Ҳисор сатҳи об боло рафт.

Имрӯз, 6 май сарфи назар аз ҳавои офтобӣ, дар аксари ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Кӯлоб, Восеъ, Ёвон ва Хуросон), инчунин ноҳияи Дарвози ВМКБ омадани сел дар назар аст.

Маълумоти дақиқ дар бораи ҳодисаҳои оомадани селро Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пешниҳод мекунад.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/incidents/20240506/bar-asari-borishoti-shadid-dar-yak-ator-noiyao-sel-omad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button