ВидеоМУҲОҶИРОНСиёсатТОҶИКИСТОН

ПУТИН БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: НИРӮҲОИ МУАЙЯН БА ТАВРИ СУНЪӢ МАСЪАЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКРО ДОҒ КАРДА, РАВОБИТИ ДУ КИШВАРРО ХАЛАЛДОР КАРДАНИАНД

Баҳси масоили марбут ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар ин авохир дар Русия ба мавҷи бесобиқаи таъқибу таҳдид рӯбарӯ шудаанд, билохира то ба сатҳи олӣ расид ва рӯзи 3 май дар гуфтугӯи телефонии сарони ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин нахустин суҳбати телефонии раҳбарони ду кишвар дар пайи мавҷи нави тоҷикситезиест, ки дар Русия чанд вақт боз авҷ гирифтааст. Маълум нест, ки ин занги телефонӣ байни Кремл ва Қасри миллат бо ибтикори кӣ сурат гирифтааст?

Кремл гуфт, дар суҳбати телефониашон Путин ва Раҳмон “дар фазои корӣ ва созанда доир ба баъзе аз мавзӯъҳои ҷории дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорҳо дар роҳи мубориза бар зидди хатарҳои амалҳои террористӣ ва соҳаи муҳоҷират гуфтугӯ карданд”.

Сомонаи расмии президенти Тоҷикистон низ хабар дод, ки “масоили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ба таври муфассал муҳокима гардид”. Ба назар мерасад, ҷониби Тоҷикистонро мушкилоти ба сари муҳоҷирони кории тоҷик омада сахт нигарон кардааст.

Дар бораи ин ки Путин ва Раҳмон дар ин масъалаи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳими муҳоҷират ба чӣ қарор расиданд?, тафсилоти чандоне дода нашудааст. Танҳо дар гузориши хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар бора хеле кӯтоҳ чунин навиштаанд: “Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо оид ба бештар фаъол гардонидани кор дар ин самт дастурҳои дахлдор дода шаванд.”

Ҳамчунин вазъи пешомадаро Путин кӯшиши рахна эҷод кардан дар байни Русияву Тоҷикистон номида гуфтааст: “Талошҳои ахири нерӯҳои муайян барои ба таври сунъӣ шиддат додани вазъ дар атрофи муҳоҷирони корие, ки ба Русия аз хориҷ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ворид мешаванд, якҷоя пешгирӣ карда мешавад ва онҳо наметавонанд муносибатҳои бародаронаи бо гузашти аём санҷидашудаи мардумони ду давлатро халалдор намоянд”.

Бино ба иттилои расмӣ, Путин ва Раҳмон ҳамчунин  масоили ҳамкории танготанги сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус ҷиҳати мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллиро баррасӣ ва оид ба “масоили алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ” табодули афкор анҷом доданд. Дар бораи инки сухан дар бораи кадом “масоили алоҳида”меравад?, ягон ҷузъиёт дода нашудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҷонибҳо  дар баробари ин, ҷадвали мулоқотҳои наздики дуҷонибаро  низ ҳамоҳанг кардаанд ва Путин расман Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои СНГ (ИДМ) ва чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба, ки ҳафтаи оянда дар шаҳри Москва баргузор хоҳанд шуд, даъват кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ номае ба номи Путин бо имзои Леонид Слутский, раиси ҳизби либерал демократи Русия (ҳизби Жириновский) нашр шуд, ки дар он аз Путин тақозо карда мешавад то ки президентҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷашни Ғалаба ба Маскав даъват накунад. Рӯзи 2 май Слутский имзо кардани номае ба чунин мазмуну фиристодани он ба Путинро рад кард ва онро фейк хонд.

Аммо як хайли бузурге аз сиёсатмадорони рус ҳамчунон ба шадидтар кардани бархӯрд нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон пойфишорӣ мекунанд. Аз ҷумла раиси собиқи Шӯрои Федератсия Сергей Миронов рӯзи 3 майи сол и 2024, соате қабл аз суҳбати телефонии Путин ва Раҳмон, дигарбора пешниҳоди ҷорӣ кардани виза байни Русияву Тоҷикистонро дар байн гузошт.

Фишорҳо ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия баъди ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав афзоиш ёфт. Ин ҳамла 145 кушта ба ҷо гузошт ва 17 нафар аз 19 нафари бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла дастгиршуда зодагони Тоҷикистонанд.

Аз 22 апрели соли 2024 дар марзҳои Русия тафтиши мӯшикофонаи шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз ёфт. Муҳоҷирон мегӯянд, мақомоти Русия ҳатто телефонҳои онҳоро гирифта, тафтиш мекунанд. Дар натиҷа, садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзи заминии Русия дармондаанд ва ба ҳисоби вазорати хориҷаи Тоҷикистон, танҳо дар 4 рӯзи охири моҳи апрел ва танҳо аз фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав 643 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кардаанд.

Пулҳое, ки беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Ватан мефиристанд, як манбаи умдаи таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва ҳамчунин як омили муҳими таъмини рушди иқтисодӣ савдо дар ин кишвари фақири пасошӯравӣ дониста мешавад ва аз ин рӯ, ихроҷи ҳар муҳоҷири тоҷик аз Русия ба маънои аз як манбаи муҳими даромадаш маҳрум шудани дастикам як оила дар Тоҷикистон аст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ахиран сафири Русия дар Душанберо эҳзор карда, ба дасташ нотаи эътирозӣ супурд. Дар ҷавоб вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба ҳамтои тоҷикаш занг зада, фаҳмонданӣ шуд, тафтиши мӯшикофонаи муҳоҷирон муваққатӣ буда , барои ҷилавгирӣ аз амалҳои террористӣ ба роҳ андохта шудааст ва зидди ягон дин ё миллат нигаронида нашудааст. Аммо пас аз ин тавзеҳоти Лавров ҷониби Тоҷикистон дигарбора  аз шаҳрвандони худ хост, ки аз сафарҳои бидуни зарурат ба Русия худдорӣ кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button