Хабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

Боздошт ва ҳабси занозани ду гурӯҳӣ сокинони Левакант ва Кӯшониён (6 АКС)

Боздошт ва ҳабси сокинони Левакант ва Кӯшониён барои муноқиша ва авбошии гурӯҳӣ

Авбошӣ аз категорияи ҷиноятҳое маҳсуб меёбад, ки тартиботи ҷамъиятӣ вайрон ва оромии шаҳрвандон халалдор гардида, содиркунандагони он аз нодида гирифтани талаботи қонун ва паст будани маърифати ҳуқуқӣ даст ба кирдорҳои ҷиноятӣ мезананд, ки бо ин амалашон ҳаёти худу атрофиёнро доғдор месозанд.

Аз ҷониби кормандони милитсияи вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, бахусус ҷиноятҳое, ки боиси изтиробу нигаронии ҷомеа мегарданд, ба таври доимӣ чораҳои пешгирикунанда ва мушаххас андешида мешаванд.

Чунончӣ, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён байни ду гурӯҳ, сокинони ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Левакант муноқиша ва задухӯрд ба вуқуъ пайваста аст. Дар идомаи чорабиниҳои тафтишотӣ нафарони ҷиноятпеша дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Зимнан муайян карда шуд, ки аз гурӯҳи якум сокинони шаҳри Левакант дар ҳайати зерин қарор доштаанд:

Ашуров Диловар санаи таваллудаш 03.12.1996;

Хайруллоев Мухаммад санаи таваллудаш 01.06.1995;

Умарзода Муҳаммад санаи таваллудаш 05.03.1997;

Ҳусейнов Манучеҳр санаи таваллудаш 20.05.1992.

Аз ҳисоби сокинони ноҳияи Кӯшониён бошад, инҳо:

Давлатов Сироҷиддин соли таваллудаш 1998;

Гиёев Абдугафор санаи таваллудаш 15.01.1996 мебошанд, ки аз ҳиссиёти баланди авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, дар суроғаи ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ байни ҳам баҳсу мунозира ва ҷангу ҷанҷол карда, оромии сокинони минтақа ва ҳаракати воситаҳои наклиётро дағалона вайрон кардаанд.

Дар натиҷа нисбати дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне дар ҳайати гурӯҳӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button