Дин ва боварҳоМинтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Мақомоти Маскав аз мусалмонон хостаанд, ки намози Идро дар хона гузоранд

Ҳукумати Маскав аз мусалмонон хостааст, ки намози Иди Рамазон (Иди Фитр)-ро “дар шароити хона” гузоранд.

Дар номае, ки саҳифаҳои телеграмии русӣ аз қавли Департаменти сиёсати миллии шаҳрдории Маскав рӯзи 3-юми апрел нашр кардаанд, гуфта шудааст, ки рӯзи 10-уми апрел, дар рӯзи Иди Рамазон маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст ва беҳтар аст, мусалмонон дар хона намози идашонро бигузоранд ва ба масҷид нараванд.

Дар бахши иттилоотии ин Департамент ба расонаи «Осторожно, новости» гуфтаанд, ки маҳдудият дар пайванд ба ҳамлаи «Крокус Сити Ҳолл» гирифта шудааст.

Ин нома ба кордиҳандагон ва дигар идораҳои маҳаллӣ фиристода шудааст, то кормандони мусалмонашонро аз ин маҳдудият огоҳ созанд.

Дар нома гуфта шудааст, ки бояд ба муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар расонидани ин хабар “таваҷҷӯҳи хос” дода шавад.

Ин хабарро мақомоти рус ҳанӯз расман шарҳ надодаанд.

Шӯрои уламои Русия низ рӯзи Иди Рамазонро эълон накардааст.

Солҳои пеш даҳҳо ҳазор муҳоҷирони мусалмон дар гушаву канори Русия дастаҷамъона намози Иди Рамазон ва Иди Қурбонро мегузоштанд.

Пас аз ҳамлаи маргбори рӯзи 22-юми март дар Маскав фишор болои муҳоҷирони мусалмон бештар шудааст. Дар ин ҳамла, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбар донистаанд, беш аз 140 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button