Дин ва боварҳоҶомеа

Далелҳои хурофотӣ «чилбанд», «чашмбанд», «кӯрхат», «тӯмор», «таштоб», «оби қайтарма»: мусодира ва боздошти 12 соҳиру фолбин дар идомаи амалиёт

Имрӯзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди илму техника инсоният ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст, ки илми муосир тамоми ниёзмандиҳои инсонро ҳам аз лиҳози моддӣ ва ҳам аз лиҳози маънавӣ бароварда истодааст.

Мутаасифона дар ҷомеаи мо боз ҳастанд нафароне, ки дар миёни мардум заминаҳои асосии пайдоиши хурофотгароӣ, таассуб, тафриқаандозӣ, тақлид ва тундгароиро ба вуҷуд меоваранд.

Хурофотпарастӣ барои насли имӯз ва фардо таъсири манфӣ дошта, хавфи бузурге дар пай дорад, ки инсони хурофотпараст ба амалҳои беақлона ва бедалел такя карда, онро мавриди боварӣ ва эътимод қарор медиҳад. Чунончӣ, як тоифа шаҳрвандон ҳамчун ашхоси гумроҳ, ба истилоҳ «корафтода» ва «муштарӣ», ки бозори коҳинонро гарм нигоҳ медоранд, ба ваъдаҳои беасоси шахсони ҷодугару сеҳргар, фолбину ҷодубарор ва ингуна ашхоси мардумфиреб, ки гӯё, метавонанд бо иҷрои амалҳои хеш ояндаи дурахшонро таъмин кардаву тақдирро тағйир диҳанд, бовар мекунанд.

Давоми ҳафтаи ҷорӣ дар раванди муборизаи беамон зидди ин гуна амалҳои хурофотӣ ва мардумфиребона аз ҷониби кормандони милитсияи Хатлонзамин боз 12 ҳолати машғул шудани шаҳрвандон ба сеҳру ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкору муайян карда шуд. Инҳо:

Расулова Кибриё соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, кӯчаи М.Турсунзода;

Етимова Хосият Аббосовна соли таваллудаш 1953, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ;

Кучарова Зулхумор соли таваллудаш 1959, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Заркамар, деҳаи Заркамар;

Шарбатова Розиямо Бекмуродовна соли таваллудаш 1978, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Балҷувон, деҳаи Тупхона;

Рустамова Ойдин Тошмамадовна соли таваллудаш 1979, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун, деҳаи Ҷӯйбор;

Абдуназарова Қурбонхол соли таваллудаш 1955, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи А.Ҷомӣ, деҳаи Яккатут;

Мамараҳимов Асад Суярович санаи таваллудаш 03.10.1959, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷамоати деҳоти Маданият, деҳаи Янгиер;

Одинаева Зулайхо Ғуломовна санаи таваллудаш 10.07.1988, сокини ноҳияи Ховалинг, маҳаллаи 8 Март;

Латипова Ширмоҳ Изатуллоевна санаи таваллудаш 14.08.1963 истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, ҷамоати Балхобӣ;

Субҳонова Нилуфар, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Кушониён, деҳаи Ваҳдат;

Пулатов Мусо Умарович санаи таваллудаш 1948, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Темурмалик, ҷамоати деҳоти Танобчӣ, деҳаи Танобчӣ;

Аҳмадҷонов Мухтор Маҳмадҷонович санаи таваллудаш 16.05.1957, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун, ҷамоати деҳоти Панҷ, деҳаи Сомонӣ.

Зимни азназаргузаронии манзилҳои истиқоматии дастгиршудагон миқдори зиёди ашёҳои барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ истифодашаванда, шамъу испанд, доира, тозиёна (қамчин) ҳамчунин расму суратҳои бо сӯзан сӯрохшудаи шаҳрвандон, варақпораҳо бо навиштаҷоти арабӣ (дар аксар ҳолат худи соҳиру фолбин маънии навиштаҷоташро намедонад) далелҳои хурофотӣ ба монанди «чилбанд», «чашмбанд», «кӯрхат», «тӯмор», «таштоб», «оби қайтарма» ва ғайра ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

Дар натиҷа нисбати ҳамаи дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисмати зиёде аз ин ашхоси мардумфиреб, ки гӯё бо олами ғайб алоқа доштаву дар гуфтугӯ бошанд, бо суханони найрангиву макромез эътимоди корафтодагонро ба худ зиёд гардонидаанд.

Имрӯзҳо мардуми солимфикри ҷомеаро мебояд дар якҷоягӣ тамоми унсурҳои хурофотии дар зеҳни баъзе аз ашхоси ноогоҳ рушдёфтаро решакан карда, ба амалҳои қаллобону мардумфиребон нуқта гузошт, зеро бо бесаводӣ, хаёлпарастӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар арсаҳои мухталифи ҳаёт ғайриимкон аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button