Хабарҳои кӯтоҳ

7 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ ДУ СОКИНИ КӮЧАИ ИСПЕЧАК БАРОИ МАЙДААВБОШӢ (АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 22 феврали соли 2024 аз ҳабси ду ҷавон аз кӯчаи Испечак бо иттиҳоми майдаавбошӣ хабар дод.

Бино ба иттилоияи нашршуда, аз ҷониби кормандони милитсия дар асоси муроҷиат ва навори ирсолнамудаи як сокини пойтахт, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрвандон Ашӯров Маҳмадшо Файзалиевич, санаи таваллудаш 22.07.1995 ва Шарипов Эҳсон Абдуманнонович, санаи таваллудаш 16.07.1990, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак дастгир карда шуданд.

Милитсия гуфт, “зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурдагон санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ, ҳангоми дар кӯчаи Испечак қарор доштан бе ягон асос ҷавони ба милитсия муроҷиаткардаро бо алфози қабеҳ дашному ҳақорат намуда, бо ӯ муноқиша карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ашӯров Маҳмадшо ва Шарипов Эҳсон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳ нисбати ҳар кадоме аз онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Худи Ашӯров ва Шарипов ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button