Минтақа ва ҶаҳонСиёсатТиб ва беҳдошт

ЧАРО ЯК ҲАФТА БОЗ ҶАСАДИ НАВАЛНИЙРО БА НАЗДИКОНАШ НАМЕДИҲАНД? ШАРТИ МАҚОМОТ БА МОДАРИ МУХОЛИФИ САРСАХТИ ПУТИН (ВИДЕО)

Президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 22-юми феврали соли 2024 бо ҳамсар ва духтари Алексей Навалний, мухолифи сарсахти Владимир Путин, ки ҳафтае пеш ба таври мармуз дар синни 47 дар зиндони Русия фавтид, дидор кард. Дар ин бора Байден пас аз мулоқот бо Юлия  ва Даря Навалная, завҷа ва духтари Алексей Навалний дар шабакаи “Х”-и (“Твиттер”-и собиқ)  хабар дод.

“Имрӯз ман барои изҳори ҳамдардии худро баён кардан дар робита ба талафоти фоҷиаборе, ки Юлия ва Даша Навалная – наздикони Алексей Навалний мувоҷеҳ шудаанд, бо онҳо вохӯрдам”, навиштааст Байден.

Зимни ин вохӯрӣ президенти Амрико ба  онҳо тасаллият дода, афзудааст, ки он ҷасорате, ки дар Алексей буд, ба ин ду зан ва он нафароне, ки дар саросари Русия барои арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар мубориза мебаранд, ба мерос гузоштааст.

Шабакаи телевизионии “CNN” менависад, ки “пас аз вохӯрӣ бо ҳамсар ва духтари Навалний Ҷо Байден ваъда дод, ки нисбат ба Путин дар робита ба марги Навалний таҳримҳои шахсӣ ҷорӣ хоҳад кард. Байден таъкид кард, ки маҳз Путин ба марги Навалний гунаҳкор аст”. Дар ин

Ин дар ҳоле аст, ки бо гузашти инак як ҳафта аз марги Алексей Навалний, мақомоти Русия ҷасади ӯро то ҳол барои гӯручӯб ба наздиконаш надодаанд. Танҳо бо пофишориҳои зиёди ҷомеаи Русия, ки наздик ба 85 ҳазор нафар хостори таҳвил ҷасад шуда буданд ва пас аз муроҷиати видеоии модари Алексей Навалний ба Путин, мақомоти Русия рӯзи 22-юми феврали соли равон Людмила Навалная, модари Алексейро ба таври пинҳонӣ ба сардхонае (морг), ки ҷасади Навалний дар онҷо нигоҳдорӣ мешавад, бурда, пайкари беҷони фарзандашро нишон додаанд.

Модари Алексей Навалний, Людмила Навалная дар сабти видеоие, ки дар YouTube нашр кард, нақл мекунад, ки ӯро бегоҳрӯзии 22-юми феврал пас аз якравии беандоза  ва зиёда аз як шабонарӯзро дар бинои Кумитаи тафтишот дар Салехард сипарӣ карданаш ба таври махфӣ ба сардхонае, ки ҷасади фарзандаш нигоҳдорӣ мешавад, бурдаанд. Дар сардхона ба ӯ гуфтаанд , ки аввал ӯ ба ҳуҷҷате, ки “марги табиӣ”-и Навалнийро тасдиқ мекунад, имзо гузорад, пас ҷасади фарзандашро нишон медиҳанд. Ӯ ба ин санад имзо карда, ноил ба он мешавад, ки ҷасади сарди фарзандашро як бор бубинад. Вале муфаттишони рус барои додани ҷасади Навалний ба модараш якчанд шарт гузоштаанд.

Муфаттишони рус ба модари Алексей гуфтаанд, ки “дар куҷо, кай ва ба кадом шакл гузаронидани маросими бахоксупорӣ”-ро онҳо аниқ мекунанд. Дар сурати дигар ҷасад ба ӯ дода намешавад.

“Мақомот аз ман мехоҳанд, ки гӯру чӯби писари ман ба таври махфӣ, бе маросими видоъ бояд сурат бигирад. Онҳо қасд доранд маро ба як қабристоне баранду як гӯри тозаро ба ман нишон диҳанду баъдан бигӯянд, ки “инҷо писарат хобидааст”. Ман ба ин розӣ нестам. Чун мехоҳам барои шумо, ки Алексей хеле азиз буд ва марги ӯро шумо ҳамчун фоҷиаи шахсӣ пазируфтед, имкони худоҳофизӣ бо ҷасади ӯро дошта бошед”, мегӯяд модари Навалний.

Ӯ илова кард, ки “аз ин лиҳоз ман ба ин найрангҳои онҳо розӣ нашуда, бе ҷасади Алексей биноро тарк кардам ва сабаби сабти ин видео ҳам ҳамин таҳдидҳо аз сӯи мақомот аст”.

Ба гуфтаи сухангӯи Навалний, Кира Ярмиш, муфаттишон аз модари Алексей талаб кардаанд, ки “маросими бахоксупорӣ бояд ба таври пинҳонӣ, дар ҷои хилват ва бе иштироки шахсони бегона, ба ҷуз аъзои хонавода сурат гирад”.

Вале то ба ҳол модари Алексей ба ин дархостҳои мақомот розӣ нашудааст ва талаб кардааст, ки ҷасади фарзандаш бе қайду шарт бояд ба ӯ дода шавад. Дар ҷавоб ба ин талаби модари Навалний, муфаттиши Кумитаи тафтишотии Русия таҳдид кардааст, ки ҳангоми ба ин қайду шарт розӣ нашуданд, бо ҷасади фарзандаш “ягон кор” мекунанд.

“Муфаттиш Воропаев ба шакли возеҳу равшан ба ман гуфт, ки вақт ба фоидаи шумо кор намекунад, бо гузашти вақт ҷасад вайрон мешавад”, нақл мекунад модари Навалний.

Дар ҳоле, ки мақомоти Русия ба сари таҳвил додани ҷасади беҷони Навалний бо модари ӯ дар баҳсанд, ҳамсари Алексей, Юлия Навалная бо пахши як сабти видеоӣ дар санаи 19-уми феврал аз “давом додани роҳи шавҳараш” садо баланд кард. Дар ин баромади худ, ки таҳти унвони “Ӯ чунин аст: Ман роҳо ӯро идома хоҳам дод”, ки дар саҳифаи шахсии “Х”-аш пахш шуд, Юлия Навалная иддао кард, ки “ҳамсарашро Путин куштааст ва Путин бояд ба ҳама аъмолаш ҷавоб бидиҳад”.

“Ман аз ҳамаи шумо даъват мекунам, ки дар паҳлӯи ман бошед. На барои шарик кардани дарду андӯҳи бепоёни худ, ки маро фаро гирифтаасту раҳо карданӣ нестанд, балки мехоҳам ғазаби худро бо шумо шарик кунам. Ғазаб, хашм ва нафрат нисбат ба онҳое, ки ҷуръат карданд то ояндаи моро бикушанд”, гуфт Юлия Навалная.

Дар поёни суханрониаш ҳамсари Алексей аз ҷонибдорони шавҳараш даъват кард, ки “мубориза баред ва ҳаргиз таслим нашавед. Ман наметарсам ва шумо ҳам бояд аз чизе натарсед”.

Алексей Навалний, роҳбари зиндонии мухолифи ҳукумати кунунии Русия ва яке аз чеҳраҳои намоёни мубориза зидди фасод ва зидди режими Путин, ки дар маҳбаси “Полярный волк”-и ҳавзаи мухтори Ямалу Ненетс адои ҳукм мекард,  санаи 16-уми феврали соли 2024 дар зиндон ба таври мармуз ҷони худро аз даст дод.

Навалний, ки ҳамагӣ 47 сол дошт, чанд сол пеш дар фурудгоҳи Томск аз ҷониби мақомоти истихборотии Русия заҳролуд карда шуда буд. Пас аз заҳролудшавӣ дар ҳолати беҳушӣ ҷонибдоронаш ӯро барои табобат ба Олмон фиристода буданд. Вале бо вуҷуду ҳушдорҳои зиёд ӯ моҳи январи соли 2021 ба Русия баргашт ва дар фурудгоҳ дастгир шуд.

Моҳи августи соли 2023 додгоҳе дар Маскав ӯро бо иттиҳоми ташкил ва сармоягузории созмони ифротӣ барои 19 сол равонаи зиндон намуд.

Марги Навалний дар маҳбас вокунишҳои ҷомеаи шаҳрвандии Русия ва ҳам ҷаҳонро ба бор овард. Роҳбарони як қатор кишварҳо марги ӯро як фоҷиаи сахти башарӣ дар Русия қаламдод карда, Путинро гунаҳкор донистанд.

Дар шаҳрҳои мухталиф Русия нафарони зиёдеро ҳангоми гулгузорӣ дар зери нимпайкараҳои шахсони зери репрессияҳои сиёсии даврони Сталин ҷони худро дар зиндонҳои шӯравӣ аз даст дода буданд, боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. То ба ҳол пулиси Русия  зиёда аз 500 нафарро дар сар то сари ин кишвар барои арҷгузорӣ ба Навалний дастгир кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button