Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР ДУШАНБЕ ЯК НАВРАС АМАКАШРО БО КОРД ЗАХМӢ КАРДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 23 феврали соли 2024

Расонидани ҷарроҳат аз ҳиссиёти авбошӣ

117

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 21-уми феврали соли 2024, тахминан соати 21:55-дақиқа ҳангоми дар хонаи истиқоматиашон қарор доштанаш, ӯро бе ягон асос писари бародараш ноболиғи 17-солаи сокини ҳамон ҷо, дашномҳои қабеҳ дода, бо истифодаи корди дар дасташ буда ба қисмати қафаси синааш як маротиба задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштани марди 48-сола дар заминаи муноқиша

125

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини шаҳри Панҷакент, санаи 20-уми феврали соли 2024, тахминан соати 17:00 дар кӯчаи Л.Шералӣ бо марди 48-сола сокини шаҳри мазкур вохӯрда, бо баҳонаи оне, ки фарзанди хурдсолашро лату кӯб кардааст, баҳсу муноқиша карда, бо мушт ба тарафи чапи рӯи ҷабрдида задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуд.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошти марди қаллоб

525

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдор қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда, аввалҳои соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 28-солаи сокини пойтахт даромада, худро соҳибкор муаррифи намуда, аз ҷабрдида дар бинои навбунёд, дар масоҳати 238-метри мурабаъ хонаи истиқоматиро ба маблағи 99 ҳазору 500-доллар амрикои ғайри нақдӣ гирифта ваъда медиҳад, ки дар муддати 2-моҳ маблағашро бармегардонад, аммо гумонбаршаванда, манзили истиқоматиро ба дигар шахсон фурухта маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оиди ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button