Дин ва боварҳоКоррупсияҲуқуқи инсон

БА САРИ ҲАР ТАЛАБГОРИ САФАРИ ҲАҶ БОЗ 10 000 СОМОНӢ “АНДОЗИ ОБОДОНӢ” БОР КАРДААНД

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд басари ҳар нафаре, ки мехоҳад имсол барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кунад, 10 ҳазор сомонӣ ба ном “андози ободонӣ” ё “ҳиссагузорӣ ба ободонии ноҳия” бор кардаанд. Ин “андоз”-и нав гӯё “ихтиёрӣ” аст, вале раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода дар як ҷаласа гуфтааст, ки ҳар касеро, ки ба буҷаи ҳукумати ноҳия бо “мақсадҳои ободонӣ” 10 ҳазор сомонӣ намесупорад, аз навбат хат занед. Ин дар ҳолест ки бисёре аз талабгони сафари Ҳаҷ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 10 сол боз навбат мепоянд. Ба болои ин, талаби 10 ҳазор сомонӣ ба ном “андози ободонӣ” аз зоирон дар ҳолест, ки бе ин ҳам, нархи сафар ба Ҳаҷ дар Тоҷикистон аз 5 ҳазор доллар боло буда, дар байни кишварҳои ҳамсоя аз ҳама гаронтарин аст. Сокинон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки талаби 10 ҳазор сомонӣ аз ҳар ҳоир барои “ҳиссагузорӣ ба ободонии ноҳия” нархи бе ин ҳам миёншикани сафари Ҳаҷро боз ҳам миёншикантар мекунад.

Тибқи барқияи Кумитаи оид ба  корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавсими Ҳаҷ 2024 оғоз гардида, тақсимоти квота ё ҳиссаҳои Ҳаҷро ба ҳама шаҳру ноҳия мувофиқ ба аҳолияшон ба роҳ мондаанд.

Дар умум Арабистони Саудӣ барои зоирон аз Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор ҳисса ҷудо кардааст. Аз ин шумор ба вилояти Суғд тақрибан барои 2000 зоир ҳисса ҷудо карда шудааст.

Тибқи навбати шаҳрвандон ба сафари Ҳаҷ ва Умра, дар соли 2024 он шаҳрвандон ба сафари Ҳаҷ сафарбар мегарданд, ки аз соли 2013 то соли 2015 дар китоби Ҳаҷи бахшҳои дин номнавис карда шудаанд. Баъзе аз сокинон зиëда аз 10 сол инҷониб дар навбати Ҳаҷ истодаанд.

Қарори маълум, чанд сол ба иллати бемории сироятии коронавирус КОВИД-19 сафари Ҳаҷ боздошта шуд ва ин боз ҳам  шумораи мардуми дар навбат истодаро зиëдтар кард. Масалан аҳолии шаҳри Хуҷанд 198 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад ва имсол ба шаҳри Хуҷанд 80 квотаи ҳаҷ ҷудо карда шудаасту бас, ҳол он ки дар китоби бақайдгирии зоирони Ҳаҷ дар бахши дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақрибан 5000 нафар номнавис шуда, навбати худро мунтазир ҳастанд. Яъне агар шумо имрӯз барои ба Ҳаҷ рафтан ариза нависед, пас  навбати шумо баъди ягон 20 сол  хоҳад расид.

Ба ин сабаб, баробари оғоз гардидани мавсими Ҳаҷ, ки ҳар сол як маротиба, дар арафаи иди Қурбон баргузор мегардад,  бисёриҳо талош мекунанд, ки бо тағобозиву шиносбозӣ ва додани пора бе навбат ба Ҳаҷ бираванд.

Нархи сафари Ҳаҷ барои соли 2024 ҳанӯз расман эълон нашудааст, вале дар соли 2023 нархи давлатии Ҳаҷҷи фарзӣ 59 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 5400 долларро ташкил дода буд.

Нусратулло Салимзода (аз чап) ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Ва аммо ба гуфтаи сокинон, ба болои ин, бо қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода бо тариқи иҷборӣ бо баҳонаи “ҳиссагузорӣ ба ободонии ноҳия”  аз ҳар зоир боз 10 ҳазор сомонӣ маблағ иловатан ситонида мешавад. Барои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аҳолияш аз аҳолии шаҳри Хуҷанд беш аз ду маротиба зиëдтар аст ва ҳудуди 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, имсол 150 квота ҷудо кардаанд, ки бе ин ҳам хеле кам аст ва талаботи сокинонро қонеъ сохта наметавонад.

Имсол низ аз тарафи раиси ноҳия Салимзода Нусратулло фармон шудааст, ки ҳар як зоир аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ғайр аз маблағи давлатии Ҳаҷ боз иловатан 10 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷаи ҳукумати маҳаллӣ бисупорад. Фарқ надорад, даҳ сол дар навбат истода бошад ҳам, 10 ҳазор сомониро насупорад,  аз рӯйхат хат занед, – супориш шудааст ба масъулони соҳаи дин.

Ба талабгорони сафари Ҳаҷ “фаҳмондаанд”, ки агар ин 10 ҳазорро насупоранд, онҳоро бо ҳар баҳона, барои мисол, ҳангоми ташхиси тиббӣ бемор бароварда, аз ҳаққи сафар маҳрум мекунанд.

Сокинон мегӯянд, из  ин пулситониҳои мақомот ба дод омадаанд.

“Баъзеҳо зану шавҳар барои Ҳҳаҷ номнавис шудаанд ва дар ҳоли ду нафар ба сафари Ҳаҷ рафтан 20 ҳазор сомонӣ супурданашон лозим меояд ва ин маблағи ҳангуфт ба  замми маблағи бе ин ҳам миёншикани сафар ба Ҳаҷҷи фарзӣ мебошад. Зӯри ҳама намерасад ва бархеаш маҷбур мешаванд, ки аз сафари Ҳаҷ, ки орзуи зиндагиашон буд, даст бикашанд”,  – гуфтанд сокинон дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод”.

Масъулияти пулситониро Нусратулло Салимзода ба муовинаш Акбар Юсуфӣ вогузор кардааст. Ин ҳамонест, ки як сол пеш як сокини ноҳияро бо мошинаш дар ҳолати мастӣ пахш карда, ба ҳалокат расонда буд, вале парвандаашро хомӯшона қатъ карданд.

Агар аз ҳар талабгори сафари Ҳаҷ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 ҳазор сомонӣ “андози ободонӣ” рӯёнда шавад, дар маҷмӯъ бо ин роҳ якуним миллион сомонӣ ба даст меояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button