Хабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ПИЁДАГАРД ДАР НОРАК ВА ДУЗДИИ ПУЛУ ТЕЛЕФОНИ ЯК ЗАН ДАР БОЗОРИ “ДЕҲҚОН”

Садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди шаҳри Норак

17

Шоми 18-уми феврали соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Мирзоев Муборакшо Азизуллоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди шаҳри Норак, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Маҳмудшо Болтаевич, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Норакро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Қурбонов М.Б. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Барои маълумот: Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохт, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Ифшо шудани дуздии маблағу телефон

122

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 24-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шоми 31-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:55-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳангоми дар бозори «Деҳқон», воқеъ дар кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе қарор доштанаш аз ҷайбаш 200 доллари амрикоӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 14 Про Макс»-ро, ки арзишаш 13 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 26-солаи сокини шаҳри Кӯлоб содир намудаст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button