Коррупсия

ДУЗДИИ БЕШ АЗ 2 МИЛЛИОН СОМОНӢ АЗ ҶОНИБИ РАҲБАРОНИ “ШАБАКАҲОИ БАРҚИ ПАНҶАКЕНТ”

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 21 феврали соли 2024 аз ошкор шудани тасарруфи беш аз 2 миллион сомонӣ пули давлат аз ҷониби роҳбарони “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” хабао дод ва гуфт, сардори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакент Эргашев Б.С. бо истифода аз  ваколати мансабдорӣ ва дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари корхонаи “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул дар чанд ҳолат ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хидматиро содир кардаанд.

 Маркази матбуоти Агентии зидди коррупсия мегӯяд: “Чунончи, Эргашев Б.С. дар давраи фаъолияти кориаш ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоби худ дар анбори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакент молу маҳсулоти арзишдорро расман қабул намуда, бо мақсади ғаразнок қисми онро мувофиқи мақсад истифода ва васлу насб накарда, дар давоми соли 2023 тибқи маслиҳати пешакӣ бо роҳбари худ Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул таҷҳизоти барқӣ ва молу маҳсулоти арзишдори ба ӯ бовар карда супурдашуда ва дар ихтиёраш қарордоштаро ба маблағи умумии 2 миллиону 136 ҳазору 613 сомонию 31 дирам бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд”.

 Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Бобоев Б.Қ., Эргашев Б.С. ва дигар шахсони масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: моддаи 245, қисми 4, банди “б” (тасарруфи маблағҳо ба миқдори махсусан бузург)  ва моддаи 323 (сохтакории хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад. Ба онҳо ҳамчун ҷазо барои сохтакорӣ бо истифода аз мақом ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  (як нишондиҳанда = 72 сомонӣ ё тақрибан 6,5 доллар) ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз 1 то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 сол ё бидуни он  таҳдид мекунад. Ҳамин тавр, ба муттаҳамон бар асоси қисми чоруми моддаи 245 барои тасарруфи маблағи махсусан бузург ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Аммо Агентии зидди коррупсия дар иттилоияаш таъкид кардаст, ки маблағи зарари ошкоргардида бо пуррагӣ барқарор карда шудааст. Ин ба маъноест, ки масъулони қалбдаст акнун метавонанд бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос бихӯранд. Бо ҷарима халос хӯрдани мансабдорони бо ҷиноятҳои коррупсионӣ бадастафтода дар Тоҷикистон, мутаассифона, як амри роиҷ шудааст ва ҳатто метавон гуфт, ба ҳукми анъана даромадааст.

Соҳаи нирӯи барқ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада ба шумор меравад. Қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” бо вуҷуди мақоми монополистиаш дар бозор ба 33 миллиард сомонӣ, ё 3 миллиард доллар баробар шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт нархи нирӯи барқро бо мақсади аз вартаи қарз баровардани “Барқи Тоҷик” боло мебарад. Вале коршиносон коррупсияро як манбаъ ва омили асосии ба ботлоқи қарз ғарқ шудани ин ширкат номида, мегӯянд, то замоне ки коррупсия дар соҳаи барқ решакан карда нашавад, ягон қарори боло бурдани нархи барқ ин ширкатро аз расвоӣ наҷот дода наметавонад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button