Ҳуқуқи инсон

БАРОДАРИ АБДУҚАҲҲОР РОЗИҚОВ АЗ ВКД БАРОИ МАРГИ ДОДАРАШ 400 ҲАЗОР СОМОНӢ ТОВОН ТАЛАБ ДОРАД

Давлатмурод Розиқов, бародари Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки моҳи январи соли 2023 дар боздоштгоҳ бар асари латтукӯбу шиканҷа ҷон дод, расман аз ВКД  барои марди додараш талаби  400 ҳазор сомонӣ товон кардааст.  Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, ки дар ин қазия барои ҳимоят аз манфиати хонаводаи Розиқовҳо адвокат ҷудо кардааст, рӯзи 13 феврали соли 2024 дар сомонааш хабар дод, ки  “Розиқов Давлатмурод, бародари як нафари дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳалокшуда санаи 5-уми январи соли 2024 бо аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани зарари маънавӣ ба маблағи 400 000 сомонӣ нисбати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст”.

Бародари даъвогар Абдуқаҳҳор Розиқов, санаи таваллудаш 28.02.1986, падари ду фарзанд, сокини кӯчаи Даминзода (собиқ Кӯйбишев)-и шаҳри Кӯлоб, ки шоми 2 январи соли 2023 аз ҷониби кормандони раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда буд, баъди чанд соати боздошташ ба таври мармуз дар бинои идораи милитсия ҷон дод.

Марги Абдуқаҳҳор Розиқов дар бинои милитсия дар як соли пеш эътирози сокинонро ба ба вуҷуд овард ва садҳо нафар бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорон он рӯзҳо дар назди бинои сардхона, ё морги Кӯлоб ҷамъ шуда, норозигии худро баён карда буданд.

ВКД дар аввал бо нашри як иттилоия пойфишорӣ дошт, ки гӯё Абдуқаҳҳор Розиқов дар роҳ ба сӯи идораи милитсия ва аз истеъмоли маводи мухаддири амфетамин ҷон додааст, вале сокинон ба нишони эътироз то замони ба даст овардани ваъдаи таҳқиқи одилонаи қазияи марги ин сокини Кӯлоб ҷанозаи ӯро аз сардхона нагирифтанд.

Дар пайи ин эътирозҳо, додситонии минтақаи Кӯлоб нисбат ба се корманди раёсати корҳои дохилии ин минтақа – Кароматов Ҷ. С., Холов З. К. ва Шарифзода Ш. Э. бар асоси моддаи 316, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд. Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва рӯ задани далелҳои шиканҷаву муносибати бераҳмона нисбат ба Абдуқаҳҳор Розиқов ин парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 143, иловаи 1 қ. 3, банди “б” (гиканҷа)  бандубаст карда шуд.

25 июли соли 2023 додгоҳи минтақаи Кӯлоб судшавандагон  Ҷамшед Кароматов, Зафар Холов ва Шамшод Шарифзода бар асоси моддаи 143, иловаи 1 қисми 3, банди “б”  дар шиканҷа бо оқибати маргбор гунаҳкор шинохта,  ҳар яки онҳоро ба  14 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Ин се афсари ҳамакнун собиқи милитсия бо ҳукми додгоҳ ҳамчунин барои 12 сол аз ҳаққи ишғоли мансаб дар мақомоти корҳои дохилӣ маҳрум карда шуданд. 
Моддаи 143, иловаи 1 (шиканҷа) ҳамагӣ чанд сол пеш бо тақозои ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон илова карда шуд. Ин банди қонун шиканҷаро ҳамчун “қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ, ки аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо таҳрики онҳо ё розигии хомӯшонаи онҳо ё бо огоҳӣ доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ӯ барои ҳаракате, ки ӯ ё шахси сеюм содир намдуааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст, содир шудааст” таъбир карда, барои чунин кирдор ҳамчун ҷазо аз 5 то 15 соли зиндонро муқаррар кардааст.

Эътилофи зидди шиканҷа гуфт, ки Розиқов Давлатмурод – бародари марҳум дар ин парвандаи ҷиноятии пурсарусадо қонунан ҷабрдида эътироф шуда буд ва аз кирдорҳои собиқ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ӯ зарари маънавӣ расонида шудааст. Акнун ӯ талош мекунад, то тавассути додгоҳ аз ВКД барои марги бародараш товон бирӯёнад.

Дар гузашта ВКД дар чанд ҳолат барои бадрафтории кормандонаш ба пардохти товон ба хонаводаҳои қурбониёни шиканҷа, аз ҷумла ба наздикони Баҳромиддин Шодиев, Исмоил Бачаҷонов водор карда шуда буд, вале ҳаҷми товон маблағи хеле камтар: аз 30 ҳазор то 46 ҳазор сомониро ташкил медод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button