Тиб ва беҳдоштҶомеа

АНА САДОҚАТ! АНА ВАФО! ЗАНИ ТОҶИК ПОРАИ ҶИГАРАШРО ДОД, ТО ШАВҲАРАШ ЗИНДА МОНАД

Маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 21 феврали соли 2024 бо нашри як гузориши видео аз як ҷавонзани сокини шаҳри Бӯстон ҳамчунин намунаи муҳаббату садоқат ва вафодорӣ нисбат ба шавҳар ва ҷонфидоии ин ҷавонзан ситоиш кард.

Мухлиса Каримова як қисми ҷигарашро ба шавҳараш Фарҳодҷон Каримов , ки аз дарди ҷигар ранҷ мекашид, дод, то ки шавҳараш дар болои сари ӯву 3 фарзандашон зинда бимонад.

Ин ҷарроҳӣ дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони ҷумҳурӣ анҷом  дода шудааст.

Мухлиса Каримова гуфт, амалиёти ҷарроҳии онҳо хуб гузашт. Ин ҷавонзан бо изҳори сипос ба табибони Маркази миллии пайвандсозӣ гуфт, ки ӯ бидуни ягон дудилагӣ пораи ҷигарашро ба шавҳараш дод, то ки падари се фарзандаш шифо биёбад.

Табибони Маркази миллии пайвандсозӣ гуфтаанд, ки ҷарроҳии ҷигари Фарҳодҷон Каримов ҷарроҳии нодир буда, дар Тоҷикистон бори аввал анҷом дода шуд, зеро бори аввал ҷигари солимро ба ҷигари носолим пайванд кардаанд. Баъди табобати пурра ҷарроҳон ҷигари носолимро аз бадани бемор мегиранд ва ӯ бо ҷигари нав ба зиндагиаш идома хоҳад дод. Дар илми тиб чунин ҷарроҳиро “рапид” меномидаанд.

Моҳи январи соли 2024 дар бораи Муҳаммадӣ Лолахонов, ном сокини ноҳияи Шаҳритӯс гузориш шуда буд, ки порае аз ҷигари худро ба ҳамсараш додааст, то ӯ аз бемории сахт шифо биёбад.

Маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри як видео хабар дода буд, ки ҷарроҳии ҳамсари Лолахонов ахиран дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсонии ин вазорат анҷом дода шуд ва ҳоло ҳарду: ҳам шавҳар ва ҳам ҳамсари ӯ худро хуб ҳис мекунанд.

Муҳаммадӣ Лолахонов дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, ки ҳамсарашро хеле дӯст медорад ва мехоҳад, ки ӯ то синни 100 болои сари фарзандонашон солиму бардам дар паҳлуяш бошад.

Дар видеои нашршуда Муҳаммадӣ Лолахонов низ вазъи саломатии худаш ва ҳамсарашро баъди ҷарроҳӣ хуб номид. Ҳамсари ӯ, ки ҳарф задан барояш ҳанӯз мушкил аст,  дар посух ба суоли хабарнигор дар бораи вазъи саломатиаш як ангушти худро бо ишораи “олӣ!” боло кард.

Сухангӯи вазорати тандурустӣ бо ситоиш аз амали ҷавонмардонаи Муҳаммадӣ Лолахонов гуфт, “дар ҳоле ки бархе оилаҳо имрӯз бо сабабҳои хеле ночиз пош мехӯранд, ин ҳодисаи нодир як намунаи олии меҳру муҳаббат ба шумор меравад”.

Дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсонии вазорати тандурустии Тоҷикистон инак чандин сол боз ҷарроҳии мураккабе, чун пайванд сохтани гурдаву ҷигарро анҷом медиҳанд, вале мавридҳое, ки шавҳар ҷигари худро ба ҳамсараш бидиҳад, хеле нодир аст.

Ин марказ соли 2018 гуфта буд, ки тақрибан 700 сокини Тоҷикистон ба пайванди ҷигар ниёз доранд, аммо пайдо кардани доноре, ки як пораи ҷигарашро бидиҳад, хеле мушкил аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button