Ҳодиса

ТАРМА ДАР КИЛОМЕТРИ 159-УМИ ДУШАНБЕ –АЙНӢ ВА ХАТАРИ ТАРМАҲОИ НАВ ТО 24 ФЕВРАЛ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми 19 феврали соли 2024, соати 16: 46 дар километри 159-уми роҳи Душанбе – Айнӣ тарма омадааст. Ин офати табиӣ, хушбахтона, ба касе осеб нарасонд, вале ба хотири таъмини амнияти ронандагону мусофирон равуои нақлиёт тавассути ин ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон муваққатан манъ карда шуд.

Ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе –  Хуҷанд –  Чаноқ, баъдан хабар дод, ки оқибатҳои тарма рафъ карда шуда, ҳаракати нақлиёт аз сар гирифта шуд.

Ин ширкат субҳи 20 феврал аз дубора мутаваққиф шудани равуои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе –  Хуҷанд –  Чаноқ хабар дод, вале ин дафъа ба далели барфи шадид. Тақрибан нисфирӯзии 20 феврал IRS эълон кард, ки равуои нақлиёт, аз ҷумла фураҳо ва мошинҳои ядакдор, тавассути ин шоҳроҳ пурра иҷозат дода шуд.

Роҳҳои кӯҳистони Тоҷикистон аз лиҳози фурӯрезии тармаҳо дар фасли сармо хатарнок ба шумор мераванд. Соли 2023 дар Тоҷикистон 335 ҳолати фурӯ рехтани тарма сабт шудааст.

16 феврали соли 2024 дар километри 559-уми роҳи мошигарди Душанбе-Хоруғ, ки аз тариқи мавзеъи Синсилаҳи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон мегузарад, барф ва баъдан тарма рехта, боиси он гардид, ки роҳ муваққатан баста шавад. 

Ҳамин тавр, шаби 17 ба 18 феврали соли 2024 дар километри 158-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ як тармаи бузурги паҳноияш 50 метр ва баландиаш 6 метр ба рӯи роҳ фурӯ рехта, 5 мошин зери тарма монд. Ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе –  Хуҷанд –  Чаноқ, хабар дод, ки хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест ва кормандони ин ширкат сари вақт мошинҳоро аз зери тарма берун овардаанд. Аммо тарма ба ҳар сурат равуои нақлиётро тавассути ин ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон барои чанд соат манъ кард.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо тамдиди ҳушдори қаблиаш бо такя ба маълумоти ҳавошиносон хабар дод, ки аз 20 то 24 феврали соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи марз, қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин дар роҳи Душанбе –  Хуҷанд (аз километри 45 то 82)  хатари фурӯ рехтани тармаву сангрез баланд боқӣ мемонад. Кумита хатари тармаву сангрез ва яхбандонро ба вижа дар роҳҳои Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Душанбе – Рашт -Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ -Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб баланд арзёбӣ мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин далел аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз иҷрои корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи таҷҳизоти гармидиҳанда қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.  Аз ронандагон низ хоста шудааст, ки ба вижа ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳистон аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла суръат ва фосиларо қатъиян риоя кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button