Хабарҳои кӯтоҳ

КОРДЗАНӢ ДАР КӮЧАИ БОРБАД, ДУЗДИИ 3 НОБОЛИҒ ВА ҚАЛЛОБИҲО БО 1,1 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ 4 МОШИН

Расонидани ҷароҳат аз ҳиссиёти авбошӣ

121

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 17-уми феврали соли 2024, тахминан соати 05:00, ҳангоми дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе қарор доштанаш, марди 26-солаи сокини пойтахт бе ягон асос, аз ҳиссиёти авбошӣ нисбаташ дашномҳои қабеҳ гуфта, ӯро лату кӯб намуда, сипас, бо корд 1-маротиба ба қисмати чапи шикамаш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани силсилақаллобиҳои марди 34-сола

157

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳҳои октябр-декабри соли 2023 дар назди бозори “Саховат”, марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 4-адад автомашинаҳои тамғаҳои “Тойота-Прадо” арзишаш 240 ҳазор сомонӣ, “Лексус-350” арзишаш 240 ҳазор сомонӣ, “Лексус-350” арзишаш 160 ҳазор сомонӣ ва “Тойота-Филдер” арзишаш 95 ҳазор сомониро нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаҳоро фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Гумонбаршаванда ба ҷабрдида, ба маблағи умумии 735 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калон расонидааст.
Инчунин, гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус-350”-ро ба маблағи 260 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Воксе”-ро ба маблағи умумии 175 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, аз ин ҳисоб 75 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 100 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани 3 ноболиғ бо ҷурми дуздӣ

198

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 29-солаи сокини шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки 18-уми феврали соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозааш 8 ҳазору 700 сомонӣ ва маҳсулоти хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро се ноболиғи 15 ва 17-солаи сокинони ноҳияи Кӯшониён содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button