ВидеоМУҲОҶИРОНҲуқуқи инсон

ДОДГОҲИ РУСИЯ ҚОТИЛИ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО САФЕД КАРД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Ивановои Русия Александр Краснов, як соҳибкор аз шаҳри Кохмаро, ки ба куштори муҳоҷири тоҷик дар тобистони соли 2021 айбдор мешуд, сафед кард. Барои ин аввал рӯзи 2 феврали соли 2024 иттиҳоми кушторро дар парвандаи Краснов бо дахолати раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ба моддаи ҷазояш хеле сабуктари  “берун рафтан аз ҳадди дифоъ аз худ” иваз карданд ва додгоҳ алакай рӯзи 12 феврал ҳукм баровард, ки дар “дар кирдори Краснов аломатҳои ҷиноят дида намешавад”. Парвандаи Краснов, ки бо номи “тирандози Кохма” ном баровардааст, нахустин мавриди аз куштор ба “берун рафтан аз ҳадди дифоъ аз худ” иваз кардани айбнома дар таърихи додгоҳҳои Русия будааст.

Ба ин тартиб, Краснов барои қатли муҳоҷири тоҷик ҳамагӣ 7 моҳро паси панҷара ба сар бурд.

Расонаҳои Русия ҳукми додгоҳро ҳамчун “тантанаи адолат” ба қалам медиҳанд, вале ин парванда суолҳои зиёдеро беҷавоб боқӣ мегузорад.

Як суол ин аст, ки агар нафаре, ки Краснов кушт, муҳоҷири тоҷик нею шаҳрванди Русия мебуд, оё додгоҳ ӯро сафед мекард? Ва оё чӣ гуна метавон нафареро, ки масти лояқил болои издиҳом оташ кушод, сафед кард. Он шаби тобистони соли 2021 Краснов писарашро ба артиш гусел мекард ва ҳам ӯву ҳам ҳамаи меҳмононаш маст буданд.

Ин қазия дар тобистони соли 2021 сарусадои зиёдеро ба по карда буд. Александр Краснов, соҳибкоре, ки тиҷораташ марбут ба интиқоли борҳост, барои ба артиш гусел кардани писараш Артём шабнишинӣ ороста, меҳмон даъват карда буд.

Тавре баъдан маълум шуд, пеш аз рафтан ба хидмати ҳарбӣ Артём Краснов бо гуруҳе аз дӯстонаш ба Довуд Остонақулов ном муҳоҷир аз Тоҷикистон дарафтода,  ӯро латтукӯб кардаанд.

Довуд он шаб бо чанд ҳамватанаш дар як мошин ба пеши хонаи Краснов барои “разбор” меоянд.

Соҳибони хона иддао доранд, ки наздикиҳои нимашаб як издиҳоми бузург дар назди хонаҳои онҳо ҷамъ шуда, ба тарафи хона ва дарвозаву мошинҳое, ки дар канори роҳ гузошта буданд, сангпартоӣ карданд. Баёноти онҳо дар бораи шумораи тоҷикҳои барои “разбор” ҷамъшуда фарқ мекунад. Александр Краснов воҳима мекунад, ки онҳо “ягон 50 нафар буданд”. Ҳамсараш Елена Краснова мегӯяд, вақте аз тиреза ба берун нигоҳ кард, “30 марди ришдори арматуру калтакҳо дар даст”ро дид. Довуд Остонақулов бошад гуфта буд, ки онҳо дар як мошин омада буданд. Дар як мошин, қарори маълум, на 30 нафарро ғунҷонда мешавад, на 50 нафарро!

Дар ҳар сурат, Александр Краснов аз ин “издиҳом” тарсида, дар ҳолати мастӣ бо камони шикории тамғаи “Сайга” одамонро тирборон кардааст. Дар натиҷа, чанд муҳоҷир захмӣ шуда,  ронандаи мошине, ки бачаҳои тоҷикро оварда буд, аз тири хӯрдааш ба ҳалокат расидааст. Ҳол онки ин ронанда аслан ба ин “разбор” қӯш набудааст. Ӯ танҳо кори худро иҷро карда, муштариёнро то инҷо оварда буд ва акнун мунтазир буд, ки онҳоро пас бубарад.

Ба Краснов барои куштор то 15 соли зиндон таҳдид мекард. Вале ӯро алакай баъди 7 моҳ аз СИЗО шартан озод карданд. Дар аввали моҳи феврали соли 2024 ҳамсари ӯ Елена Краснова ба мулоқот бо сардори Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ноил шуд ва Бастрикин, ки бо бадбинии ошкораш нисбат ба муҳоҷирон ном баровардааст, амр дод, ки иттиҳоми Красновро ба моддаи сабуктари “берун рафтан аз ҳадди дифоъ аз худ” иваз кунанд.

Дар айни замон, додгоҳ Довуд Остонақулов ва ҳамватани ӯ Рустам Латиповро дар “авбошии гуруҳӣ” гунаҳкор шинохта, мутаносибан ба 5 ва 4 соли зиндон маҳкум кард.

Ана чунин аст адолати судӣ дар Русия дар тафсири Бастрикин…

Дар зиндонҳои Русия беш аз 7 ҳазор зодаи Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Кӣ медба ном “адолати додгоҳӣ дар тафсири Бастрикин” шудаанд?

Остонақулов ва Латипов дар додгоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button