ВидеоТОҶИКИСТОНФарҳангЧеҳраҳо

ҲУНАРМАНДИ ЗАБАРДАСТИ ТОҶИК ДАВЛАТМАНДИ ХОЛ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД (ВИДЕО)

Овозхони забардасти тоҷик Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Давлатманди Хол рӯзи 18 феврали соли 2024 баъди бемории тӯлонӣ дар синни 73 аз олам чашм пӯшид. Баъди муолиҷа дар чанд кишвари дигар ҳунарманди маҳбуб ҳамагӣ чанд рӯз пеш барои муолиҷа ба Русия рафта буд, вале  мутаассифона, табибон натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал…

Ба гуфтаи наздиконаш, ӯро ахиран аз Маскав оварданд ва ҳунарманди шинохта рӯзи 18 феврал дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе фавтид.

Маросими видоъ ва дафни Давлатманди Хол рӯзи 19 феврал баргузор мешавад.

Садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо изҳори таслият ба наздикони Давлатманди Хол, даргузашти ӯро талафоти сангин ва ҷуброннопазир барои фарҳанги тоҷик меноманд.

Давлатманди Хол (Давлатманд Холов) – овозхон ва фалаксарои овозадори тоҷик, оҳангсози суннатӣ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод (ҳоло ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) дар оилаи ҳунарманди суннатии тоҷик ба дунё омада буд. Соли 1958 таҳсилро аз мактаби деҳа оғоз намуда, соли 1963 дар мактаб-интернати ба номи А. Деҳотии шаҳри Кӯлоб ва аз соли 1964 дар интернати давлатии «Коммунизм»-и деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) идома додааст. Соли 1971 ба шуъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Давлатманди Хол баъди хатми донишкада 25 сол дар Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб кор кард. 20 июли соли 1989 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар назди театри Кӯлоб, таҳти сарварии Давлатманди Хол ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Аз соли 2004 дар пайи таъсис ёфтани ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии ин ансамбл кор кард ва моҳи марти соли 2020 дар остонаи 70-солагиаш ба нафақа баромад. Солҳои охир Давлатманди Хол дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов ба шогирдон дарс медод.

Давлатманди Хол яке аз устодони соҳибмактаби фалаксароӣ эътироф шудааст. Ӯ муаллифи даҳҳо таронаву оҳангҳоест, ки дар фонди тиллоии мусиқии тоҷик сабт шудаанд.

Давлатманди Хол соли 2018 сазовори унвони Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон низ шуд.

Ҳоло писараш Лоиқшоҳи Давлатманд, ки Устод ӯро ба шарафи шоири тавонои тоҷик Лоиқ Шералӣ ном кардааст, роҳи падарро идома дода истодааст.

Равони Устод шод ва макони охираташон Ҷаннат бод! Аҳли идораи “Бомдоди” ба наздикони Давлтманди Хол ва мухлисонаш даргузашти ин Таҳамтани ҳунари миллиро таслият мегӯяд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button