Хабарҳои кӯтоҳ

ХАТАРИ ФУРӮРЕЗИИ ТАРМАҲО ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД КАМАШ ТО 14 ФЕВРАЛ БОҚИСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари гарм шудани дамои ҳаво аз 12 то 14-уми феврали соли 2024 дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хатари фурӯ рехтани тармаҳо боқӣ мемонад.

Дар ин иртибот Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳии минтақаҳои ёдшуда сафар накунанд. Дар чунин рӯзҳо роҳандозии корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, шикор ва моҳидорӣ низ маслиҳат дода намешавад.

Ронандагон бояд ҳангоми ҳаракат дар ин роҳҳо фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд. “Ҳар қадар мошинҳо дар фосилаи дур аз якдигар ҳаракат кунанд, ҳамон андоза амнияту бехатарии ронандагону мусофирон бештартаъмин мешавад”, гуфта шудааст дар иттилоияи Кумита.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони кишвар хостааст, ки дар чунин рӯзҳо беш аз ҳар вақти дигар эҳтиёт кунанд! 

Тармаҳо ва ярчх (аз кӯҳ рехтани бораи кӯҳу санг) дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон яке аз ҳодисаҳои нохуши табиии аз ҳама пурқурбонӣ ба шумор мераванд. Ҳар сол бар асари ин офатҳои табиӣ чандин нафар ба ҳалокат расида, роҳҳои кӯҳистон, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ва Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Қулма чандин бор баста мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button