Хабарҳои кӯтоҳ

2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР ТОЛОРИ ВАРЗИШИИ “АРШАД М” ДАР ҲИСОР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврали соли 2024 бо нашри ду акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки шаби 11-уми феврал, соати 02:37-дақиқа, дар толори варзишии ҶДММ “Аршад М” дар шаҳри шаҳри Ҳисор сӯхтор ба амал омадааст.

Бино ба иттилои милитсия, сӯхторнишонҳо дар пайи ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудан муайян кардаанд, ки сӯхтор дохили толори варзишӣ ва боми онро дар масоҳати 755 метри мураббаъ фаро гирифта, хафви паҳншавии оташ ба дигар иншооти атроф ба миён омадааст.
Гуфта мешавад, дар сафарбар намудани қувваву воситаҳои мавҷудаи сӯхторнишонӣ сӯхтор дар масоҳати аввалааш дар соати 04:28-дақиқа бо пуррагӣ хомӯш карда шуд.

Ба сурати умум, ҷараёни фурӯ нишондани сӯхтор дар толори варзишии ҶДММ “Аршад М” қариб ду соатро дар бар гирифтааст.
ВКД гуфт, сабаби сӯхтор, бар асоси натиҷаҳои санҷиши пешакӣ,  нодуруст истифода бурдани бухорӣ, ё печи гармоба будаааст. Ҳаҷми зарари расидашуда бар асари ин сӯхтор аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад, – гуфта шудааст дар хабари маркази матбуоти ВКД.

Назари моликони толори варзишии “Аршад М” ҳанӯз дастрас нест.

Маълум нест, ки оё ҳангоми сӯхтор дар толори варзишӣ касе буд ё на? Дар ин бора ҳам, ки оё касе дар ин ҳодиса осеб дидааст ё на?, дар хабар чизе гуфта нашудааст.

Дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 581 сӯхтор сабт шуда, дар ин ҳодисаҳои нохуш 18 нафар, аз ҷумла 9 ноболиғ ба ҳалокат расида, молу мулки давлат ва мардум ба маблағи 9 миллиону 376 ҳазор сомонӣ ба коми оташ рафтааст. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ дар 1262 ҳодисаи сӯхтор 19  нафар ҷон бохта, ин ҳодисаҳои нохуш ба давлат ва мардум ба маблағи 58 миллиону 716 ҳазор сомонӣ зарар расонда буд.

Шаҳри Ҳисор дар тақрибан 25-километрии ғарби Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ҳисор бо боғҳои ангуру мевааш, ҳамчунин бо яке аз бузургтарин бозорҳои маводи сохтмон ва қалъаи қадимаи Ҳисор маъруф аст.

537
538

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button