Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК СОКИНИ ДУШАНБЕ 472 САР ГӮСФАНДИ ДУ СОКИНИ ДАНҒАРАРО БО ФИРЕБ АЗ ХУД КАРДААСТ

Ҳалокати дучархарон дар ҳодисаи нақлиётӣ

052

10-уми феврали соли 2024, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Азимов Абдулазиз Маҳмадаминович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, дар ҳудуди деҳаи Гулистони ноҳияи Тоҷикобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Беков Мустафо Ёрмаҳмадович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Беков М.Ё. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани қаллобиҳо вобаста ба чорво ва маблағ

525

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 62-солаи сокини ноҳияи Данғара ворид гардидааст, ки 10-уми июни соли 2015, марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 263-сар гӯсфандро ба маблаги 665 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, чорвои мазкурро фурӯхта, маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Инчунин, гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ба боварии марди 54-солаи сокини ноҳияи Данғара даромада, аз ӯ 209-сар гӯсфандро ба маблағи 523 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, чорвои мазкурро фурӯхта, маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 50-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи марти соли 2022, дар кӯчаи А.Навоии пойтахт марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада барои ба тиҷорат машғул шудан аз ӯ 25 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки онҳоро дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо маблағҳои бадастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардондааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button