Коррупсия

ЯК САРДОРИ ШУЪБА ДАР ПАНҶАКЕНТ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ ДАВЛАТРО ОБУЛОЙ КАРДААСТ

Сардори собиқи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Истамзода Ашраф Истам ба тасарруфи 1 миллиону 247 ҳазору 689 сомонӣ, баробари тақрибан 110 ҳазор доллар пулҳои аз буҷаи давлатӣ ҷудошуда айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 12 феврали соли 2024 хабар дод, ки Истамзода Ашраф Истам аз 04 июли соли 2016 то 20 феврали соли 2023 дар вазифаи сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент кор ва фаъолият намуда, бо вуҷуди он ки шахси мансабдор ба ҳисоб мерафт, дар давраи фаъолияти кориаш роҳбарии ҶДММ “Нисо-А”-ро низ дар даст дошт ва бо фароҳам овардани шароити бартарӣ барои  ин ширкати шахсиаш ба тасарруфи пулҳои буҷа ба маблағи махсусан зиёд даст задааст.

Агентӣ дар гузориша аз ҷумла бо истинод ба парвандаи Истамзода навиштааст: “Чунончи, номбурда қасди ба даст овардани фоидаи муфтро бо роҳи аз они худ кардани маблағҳои буҷетӣ назди худ пеша намуда, бархилофи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бевосита дар идоракунӣ ва роҳбарии ҶДММ “Нисо-А” ғайриқонунӣ иштирок варзида, бо истифода аз мақоми хидматиаш ҳамчун сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент барои ба имзо расонидани қарордодҳои давлатӣ байни мақомоти давлатии шаҳри Панҷакент ва ҶДММ “Нисо-А” шароит фароҳам овард. Дар ин замина, давоми моҳҳои сентябр-декабри соли 2022 тибқи мусоидат ва пуштибонии бевоситаи Истамзода А.И. ҷамъияти “Нисо-А” дар 9 ҳолат зимни иҷроиши талаботҳои қарордодҳои давлатӣ бо ниҳодҳои дахлдори шаҳри Панҷакент ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва таъмини молу маҳсулот даст ба аз они худ кардани маблағҳои давлатӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо зада, бо ин роҳ дар маҷмӯъ 1 миллиону 247 ҳазору 689 сомонии аз ҳисоби маблағҳои буҷет ҷудошударо тасарруф карда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд”.

 Агентӣ гуфт, вобаста ба ин ҳолатҳо, нисбат ба Ашраф Истамзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245, қисми 4, банди “б”, 318, 323 ва 340,  қисми 2,  банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, бо гузаронидани амалҳои зарурии мурофиавӣ парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст. Бар асоси ҳар кадоме аз ин моддаҳо ба Истамзода чандсолӣ ҳукми зиндон ё ҷарима таҳдид мекунад.

Худи Ашраф Истамзода ё наздиконаш ҳанӯз қазияро шарҳ надодаанд.

Ашраф Истамзода соли 2021 ба шарафи 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон барои хидматҳояш бо фармони президенти Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Хидмати шоиста” сарфароз гардонда шуда, ин медалро дар як маросими вижа ба Истамзода президенти вақти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ супурда буд.

Ашраф Истамзода ба аҳли фарҳанги Панҷакент кумак мерасонд ва аз ҷумла шоир Исмоил Зарифӣ навишта буд, ки чопи чанд китоб, аз ҷумла девони Исмати Бухороӣ ва девони Урфии Шерозӣ маҳз бо кумаки Ашраф Истамзода барояш муяссар шуда буд.

Ашраф Истамзода бародари подполковник Машраф Истамзода аст, ки то ба мақоми муовини сардори шуъбаи дуюми корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе расида буд.

Дар тирамоҳи соли 2021 4 мақоми баландпояи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ин ноҳия: сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино Зафар Исмоилзода, муовини аввали додситони ноҳияи Сино  Сӯҳроб Салимзода, муовини сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино Машраф Истамзода ва подполковник Шукур Раҳимов, муовини сардори шуъбаи тафтишоти ШВКД-2 ноҳияи Сино, ки то расондан ба марҳалаи афв муфаттиши нахустини қазияи азобу уқубати Мадина Мамадҷонова будааст, барои нақшашон дар пӯшондани парвандаи ин ҷавонзан аз мансабҳояшон барканор карда шуданд.

Машраф Истамзода

Бо азобу уқубат куштани ин ҳамсари дуюми  мансабдори ширкати “Мегафон” Парвиз (Лутфулло) Давлатов дар моҳи августи соли 2021 дар ҷомиа сару садои зиёде ба вуҷуд оварда буд.

Мадина Мамадҷонова, сокини шаҳри Душанбе ва корманди ширкати “Мегафон”, охири моҳи августи соли 2021 дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона оварда шуд. Ба гуфтаи табибон, ӯро чунон буғӣ карданд, ки чанд муддат ба майнаи сараш ҳаво (кислород) нарафтааст ва дар натиҷа, як қисми мағзи сари Мадина аз кор мондааст. Ин қазия вақте мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба роҳбарони кишвар муроҷиат карданд ва ҷараёни тафтишотро Рустами Эмомалӣ шахсан зери назорати худ гирифт. Рӯзи 2 ноябри соли 2021 президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат талаб кард, то тамоми мансабдороне, ки ба коррупсия роҳ дода, пора гирифтанд ва ин парвандаро пӯшонданд, ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.

Таҳқиқоти баъдӣ маълум кард, ки мақомоти ноҳияи Сино моҳи сентябри соли 2021 аъмоли гумонбаршавандаи асосӣ: Азиза Давлатова, ҳамсари қонунии Парвиз Давлатовро  ба қонуни афв “туғрӣ” кунонда, кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ӯро рад кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button