МУҲОҶИРОНТиб ва беҳдошт

ШОДОНАИ ПАНҶСОЛА, КИ КИРМИ МАҒЗИ САР АЗОБАШ МЕДОД, ДАР НОВОСИБИРСК ҶАРРОҲӢ ШУД

Нашрияи ”Комсомольская правда -Новосибирск” дар бораи як ҷарроҳии нодири Шодона Зардаковаи панҷсола аз Тоҷикистон дар бемористони вилоятии Новосибирски Русия хабар дод. Бино ба ин гузориш, ҷарроҳони ҷони Шодонаро, ки дар мағзи сараш як кистаи бузург ба вуҷуд омада буд ва ин духтараки маъсумро аз по афтонда буд, амалан аз марг наҷот доданд.

Шодона ва модараш Парвина Зардакова се сол қабл аз Тоҷикистон ба Русия кӯчида, дар инҷо соҳиби шаҳрвандӣ шуданд. Вале ин кӯдак зоҳиран ҳанӯз дар Тоҷикистон ба бемории сироятии эхинококкоз, ки онро кирми эхинококк ҳам меноманд, гирифтор шудааст.

Ба гуфтаи табибон, одам метвонад ба ин беморӣ тасодуфан гирифтор шавад. Масалан агар ягон вақт сагеро бо даст навозиш кунаду баъди он дастонашро бо собун нашӯяд. Беморӣ аввал боиси ба вуҷуд омадани киста дар ҷигару шуш ва дигар аъзои бадан, ки кирмҳо дар онҳо ҷой мегиранд, мегардад. Дар бадани Шодона ин кирм дар қисмати шуш ва мағзи сар пайдо шуда буд ва ба тадриҷ дасту пои ӯ аз кор баромаданд.

Парвина Зардакова, модари Шодона Никита Манко, хабарнигори ”Комсомольская правда -Новосибирск” гуфт: “Ман 4 писару як духтар дорам. Аввал нафаҳмидам, ки ӯ гирифтори эхинококкоз шудааст. Дар охири соли 2023 Шодона дучори грипп шуд ва аз дарди даст шикоят мекард. Ҳарорати баданаш ҳам намефаромад. Мо аввал инро аз оқибатҳои грипп фикр кардем. Баъдан ташхисҳои тӯлонӣ сар шуд. Моҳи январ ӯро МРТ карда, дар сараш кистаро пайдо карданд ва танҳо ҳамон вақт диагноҳи дуруст монданд. То рӯзи ҷарроҳӣ Шодона дигар қариб ки роҳ гашта наметавонист, фақат ба пушт хоб буд ва аҳволаш рӯз то рӯз бадтар мешуд”.

Нейрохирург Шалиндер Аул проводит осмотр после удаления огромной кисты в голове. Фото: Никита МАНЬКО // Анджелика ЧЕРНЯВСКАЯ, пресс-служба Новосибирской областной больницы
Шалиндер Аул ҳангоми муоинаи Шодона баъди ҷарроҳии кистаи мағзи сари ӯ

Табибон мегӯянд, бемории Шодона хеле нодир аст, чунки кирми эхинококк асосан дар ҷигар ҷойгир мешавад, на дар сар.

Нейрохирург,  номзади илмҳои тиб Шалиндер Аул мегӯяд: “Як вижагии мағзи сари инсон ин аст, ки агар дар даруни косахона чизе оҳиста-оҳиста нумӯъ кунад, мағзи сар ба он одат мекунад. Мағзи сар то замоне, ки тоқат карда тавонад, нашъунамои ин чизи бегонаро тоқат мекунад ва танҳо баъди ин беморӣ рӯ мезанад. Ба ҳамин сабаб, чизҳои бешгона дар мағзи сарро танҳо дар марҳалаҳои ниҳоӣ ташхис мекунанд. Шояд ин кирм дар бадани кӯдак хеле барвақт ҷойгир шуда, киста бидуни он ки аз худ дараке бидиҳад, нашъунамо ёфтааст. Ва ҳатто баъди қисман фалаҷ шудани дасту пояш ҳам ин кӯдак ҳамчунин бо ҳуш боқӣ монда монда ва гап мезад, ки ин нишон медиҳад, ки имконоти ҷубронкунандаи бадани ӯ ончунон зиёд буд, ки монеи рӯ задани оқибатҳои фоҷиабортар шуд”.

Врачи достали гигантскую кисту размером в 10 см.
Кистаи мағзи сари Шодона 10 сантимер шуда буд

Консилиуми табибони бемористони вилоятии Новосибирск ба хулосае расид, ки кӯдакро танҳо ҷарроҳӣ метавонад наҷот диҳад.  Табибони ин бемористон таҷрибаи ҷарроҳии кирми эхинокок дар ҷигар ва шушро доштанд, вале қистаи мағзи сарро ягон бор ҷарроҳӣ накарда буданд. Дар инҷо сухан боз дар бораи ҷарроҳии кӯдак мерафт. Ягон нейрохирург дар бемористони Новосибирск чунин таҷрибаро надошт. Барои ҷустуҷӯи ҷарроҳони ботаҷриба дар дигар шаҳрҳои Русия ё берун аз он низ фурсат боқӣ намонда буд.

Шалиндер Аул мегӯяд: “Дар шароите, ки тарқиби мағзи сар беҷо шуда буд, фурсат барои интиқоли бемор ба дигар муассисаи тиббӣ боқӣ намоняда буд. Вазъи саломатии кӯдак ҳар вақт метавонист бад шавад ва мо тасмим гирифтем, ки худамон ин ҷарроҳиро анҷом диҳем”.

Маҳз Шалиндер Аул ҷарроҳии мағзи сари Шодона Зардаковаро анҷом дод. Ҷарроҳӣ чанд соат давом кард. Ҷарроҳон хеле бо назокат кор мекарданд, то мабодо киста бидарад. Ин кистаро, ки 10 сантиметр шуда буд, хеле бо эҳтиёт аз даруни косахонаи сари Шодона берун оварданд. Баъди берун кардани киста мағзи сари кӯдак, ки ҷояшро киста хеле танг карда буд, ба ҷои худ баргашт.

МРТ головного мозга до и после операции. Фото: Анджелика ЧЕРНЯВСКАЯ, пресс-служба Новосибирской областной больницы
Косахонаи мағзи сари Шодона то ҷарроҳӣ ва баъди ҷарроҳӣ

Ҳоло Шодона алакай роҳ мегардад ва дастонашро ҳам меҷунбонад. Ҳоло табибон машғули бо роҳи ҷарроҳӣ аз дигар аъзои бадани вай дур кардани кирмҳои боқимондаанд, вале ин ҷарроҳӣ назар ба ҷарроҳии мағзи сар хеле сабуктаранд.

Шалиндер Аул мегӯяд, ин кирмҳои паразит метавонанд аз ҳайвонот ба бадани инсон дар ҳар ҷои дилхоҳ бигузаранд: дар кӯча, дар ҷои бозии кӯдакон ва ҳар ҷои дигар. Ӯ мегӯяд, ягона тавсия ин аст, ки бояд дастонро бишӯед ва оби ифлосро нанӯшед ва баробари мушоҳида кардани аломатҳои эхинококкоз ба табибон муроҷиат кунед.

Хирурги провели уникальную операцию. Фото: Анджелика ЧЕРНЯВСКАЯ, пресс-служба Новосибирской областной больницы
Табибоне ки ҷони кӯдаки тоҷикро наҷот доданд
Девочку скоро выпишут, мама благодарит врачей.
Шодонаро ба зудӣ аз бемористон ҷавоб медиҳанд. Модараш дуои ҷони табибонро мекунад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button