Дин ва боварҳоҶомеа

НОМҲОИ АЗ ҲАМА МАЪРУФИ СОЛИ 2023: ПИСАРОНА – МУҲАММАД, АБДУЛЛОҲ, АБДУРАҲМОН ВА ЮСУФ, ДУХТАРОНА – ФОТИМА, СУМАЯ ВА ОИША.

Хабаргузории “Азия Плюс” менависад, ки тамоюли номгузорӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар солҳои охир чандон тағйир наёфтааст ва ҳамчунон номҳои мусалмонӣ дар мӯд боқӣ мондаанд. Вале талошҳои мақомоти Тоҷикистон самар додааст, зеро дигар касе ба фарзанди худ Зоғу Зоғчаву Майна ё Сангу Сафолу Кетман ном намемонад.

Дар вазорати адлияи Тоҷикистон ба “Азия Плюс” хабар доданд, дар соли 2023 номи аз ҳама маъруфи писарона дар ҷумҳурӣ Муҳаммад буд ва 4853 падару модар фарзанди худро ба шарафи Паёмбари Ислом (с) Муҳаммад ном гузоштаанд. Ҳамин тавр, 4081 нафар  фарзанди худро ба шарафи падари Паёмбар Абдуллоҳ ном гузоштаанд, ки маънояш Бандаи Аллоҳ аст.

Номҳои дигари писаронаи маъруфи соли 2023 дар Тоҷикистон инҳоянд: Абдураҳмон (3527 падару модар ин номро интихоб кардаанд), Юсуф (3001), Умар (2751), Иброҳим (1857), Имрон (1709), Сомон (1696), Абубакр (1225) ва Аҳмад (794).

Дар байни номҳои духтарона низ номҳои бо дини Ислом алоқаманд маъруф буданд. Ҷои аввалро дар байни номҳои духтарона Фотима гирифт. Соли гузашта 4018 падару модар фарзанди худро ба шарафи духтари Паёмбар Фотима ном кардаанд. Номҳои дигари маъруфи духтарона дар Тоҷикистон дар соли 2023 инҳо будаанд:  Сумайя (2998), Оиша (2321), Марям (1956), Зайнаб (1405), Осия (1354), Хадиҷа (1021), Кибриё (987) ва Амина (789).

Барои муқоиса соли 2018 низ дар Тоҷикистон аксаран ҳамин номҳои мусалмонӣ: Муҳаммад, Умар, Иброҳим, Юсуф дар байни номҳои писарона ва Оиша, Фотима, Зайнаб ва Осия  дар байни номҳои духтарона аз ҳама маъруф буданд.

Дар вазорати адлия боз чанде дигар аз номҳои маъруф дар Тоҷикистонро баршумурдаанд.

Номҳои писарона : Усмон, Ансор, Аюбҷон, Амир, Мӯсо ва Комрон.

Номҳои духтарона: Сафия, Муниса, Нурия, Ёсамин, Ҳурия ва Ирода.

Лозим ба зикр аст, ки ба ҷуз аз Ёсамин, Комрон ва Сомон дигар ҳамаи номҳои маъруф дар ҷумҳурӣ решаҳои исломӣ ва арабӣ доранд.

ҲАМСОЯҲОИ МО БА ФАРЗАНДОНИ ХУД ЧӢ НОМҲО МЕГУЗОРАНД?

Тавре аз рейтингҳои номҳои маъруф дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бармеояд, номҳои муслмонӣ дар ин ҷумҳуриҳо низ номҳои мӯд боқӣ мемонанд.

Др Қазоқистон дар байни номҳои писарона Ҳамза, Муҳаммад ва Нурислом пешсафанд ва дар байни номҳои духтарона Мадина, Оиша ва Ойлину Амина. Ҷолиб он аст, ки соли 2013 низ Алихону Амир ва Нурислом аз ҷумлаи номҳои маъруфи писарона дар ин ҷумҳурӣ ба шумор мерафт ва Оишаву Амина ҳам чандин сол боз дар садри рейтинги номҳои духтарона қарор доранд.

Чанде аз номҳои маъруфи писарона дар Қазоқистон: Алихон, Умар, Амир, Алдиёр, Ойсултон, Алан, Алӣ, Нурислом, Муҳаммад ва Ҳамза.

Номҳои духтарона: Мадина, Оиша, Ойлин, Асалам (Асылым), Сафия, Томирис, Раяна, Амина, Аяла ва Ойим.

Дар Ӯзбекистон соли 2023 номи аз ҳама маъруфи духтарона Солиҳа (Солеҳа) ва дар байни номҳои писарона Муҳаммадалӣ буд. Ин номҳо солҳои қабл низ пешсаф будаанд.

Бино ба маълумоти вазорати адлияи Ӯзбекистон рейтинги номҳои аз ҳама маъруфи писарона  дар ин кишвар чунин аст:

Муҳаммадалӣ (27 431), Мустафо (22 880), Абдуллоҳ (18 116), Муҳаммад (17 025), Муҳаммадюсуф (13 774), Муҳаммадамин (12 450), Нурмуҳаммад (9017), Муҳаммадҷон (8843), Имронбек (8591) ва Музаммадзиё (8135).

Рейтинги номҳои маъруфи духтарона дар Ӯзбекистон чунин аст:

Солиҳа (24 365), Ясмина (19 911), Муслима (15 918), Хадиҷа (10 759), Имона (10 310), Шукрона (9330), Сумайя (9279), Ифора (7586), Саъдия (6639) ва Мубина (6585).

Вазорати рушди рақамии Қирғизистон низ рӯйхати номҳои аз ҳама маъруфи соли гузаштаро тартиб додааст.

Номҳои духтарона: Солиҳа (3 878), Амина (2 926), Фотима (2 897),  Алия ё Олия (2 838), Раяна (2 529), Сафия (2 526), Алфия (2 522), Ойлин (2 503), Оиша (2 219) ва Аруузот (2 126)., ки номи қирғизӣ буда, маънояш “аз зоти пок” аст.

Номҳои писарона: Муҳаммад (6 176), Умар (4 847), Алӣ (3 300), Амир (2 621), Алихон (2 275), Билол (2 263), Алинур (2 155), Усмон (2 095), Нурислом (1 866) ва Амир (1 748).  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button