Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

КӮДАКИ ЧОРСОЛА ҲАНГОМИ БОЗӢ ЗЕРИ ЧАРХИ “МЕРСЕДЕС” МОНДА, ҶОН ДОДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи ҷумъа, 9 феврали соли 2024, як кӯдаки чорсола дар деҳаи рӯзободи ноҳияи Вахш зери чархи мошини роҳгузари “Мерседес” монда, ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, “Мерседес” кӯдакро вақте пахш кард, ки ӯ бо кӯдакони дигар дар канори роҳ бозӣ мекард.

Бино ба гузориши ВКД, 9-уми феврали соли 2024, тахминан соати 17:05, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Салимов Бароталӣ Саидикромович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Рӯзободи ҳамин ноҳия қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, пиёдагарди хурдсол, Маҳмадшозода Убайдулло Ҳусейн, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи мазкурро, ки дар канори роҳ бозӣ мекард, пахш кардааст.

Дар натиҷа, хурдсол Маҳмадшозода У.У. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. ВКД гуфт, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳкиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Муттаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button