Хабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

МОҶАРОИ ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗ ДАР МАКТАБИ №127 ТО БА ДОДГОҲ РАФТ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 8 феврали соли 2024 аз ошкор шудани як таҷлили шӯхиомези ҷашни зодрӯз дар як мактаби миёна дар пойтахти Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсия як гурӯҳ хонандагони мактаби миёнаи №127 ноҳияи Фирдавсӣ ба шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия дастрас карда шуданд.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон хонандагони синфи 10 буда, санаи 27 январи соли ҷорӣ, дар вақти танаффус, дар дохили синфхона ба таври шӯхиомез бо мақсади таҷлили зодрӯз бо истифода аз «скотч» даҳони ҳамсинфашон ноболиғ Амрохонзода Д.-ро маҳкам намуда, бо ҳамин васила гӯё ӯро табрик кардаанд. Ҳамзамон, ҳамсинфони Амрохонзода ин амали худро тавассути телефони мобилӣ ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, ки боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардидааст.

Милитсия гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати омӯзгори масъул ва волидайни 6 нафар хонандагон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд. Ба ин волидон ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 216 то 360 сомонӣ таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон тибқи қонуни танзими расму анъанаҳо таҷлили зодрӯз танҳо дар ҳалқаи оила иҷозат дода шудааст. Соҳибҷашн ҳақ надорад зодрӯзашро ҳатто  бо дӯстон ё ҳамкорони худ ҷашн бигирад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button