Коррупсия

БАРКАНОРИИ РОҲБАРОНИ АГЕНТИИ ЗИДДИ КОРРУПСИЯ ДАР ПАЙИ ДАР БАЙНИ 20 КИШВАРИ ФАСОДЗАДАИ ДУНЁ ҶОЙ ГИРИФТАНИ ТОҶИКИСТОН

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 феврали соли 2024 бо имзои чанд амру фармони худ ва қарорҳои ҳукумат дар мақомоти роҳбарии Агентиии мубориза бо коррупсия, Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ва Агентии хизмати давлатӣ як силсила тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Аз ҷумла бо фармонҳои президент Сафарзода Сӯҳроб ва Аҳмадзода Музаффар Раҷаб “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаҳои муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд, Расулӣ Барот муовини якум ва Камолзода Фирӯз Анваралӣ муовини директори ин ниҳоди мубориза бо фасод таъйин карда шуданд.  Дар бораи ба кадом “кори дигар” гузаштани Сӯҳроб Сафарзода ва Музаффар Аҳмадзода чизе гуфта нашудааст.

 Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки  рӯзи 7 феврал дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сардорони раёсатҳои Агентии зидди коррупсия дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, сардорони баъзе аз раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия “аз ҳисоби кадрҳои кордону варзида ва ҷавону ояндадор” таъйин гардиданд.

Ин тағйироти кадрӣ дар мақомҳои роҳбарии Агентии зидди коррупсия дар ҳоле сурат гирифт, ки ахиран Тоҷикистон дар раддабандии солонаи созмони “Шафофияти байналмилалӣ” аз лиҳози сатҳи коррупсия якбора 12 зина пойин рафта, дар байни 180 кишвар дар мақоми хеле пасти 162-юм, яъне дар миёни 20 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой дода шуд. Агентии мубориза бо коррупсия, ки ҳанӯз соли 2007 таъсис ёфтааст, дар пайи чунин паст шудани мавқеи Тоҷикистон ба далели фаъолияти беасару бесамараш ба боди шадиди интиқод кашида шуд.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/albums/72177720314622380/with/53514282088

Рӯзи 7 феврал бо амрҳои президент Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини директори Агентии хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷои ӯ ба ин мақом Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон таъин гардид. Ҳилолбӣ Қурбонзода дар поёни моҳи январи соли ҷорӣ аз мақоми раиси Кумитаи занон ва оилаи ҳукумати Тоҷикистон барканор гардида буд.

Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат аз 7 феврали соли 2024, Сафарзода Муҳаммад Бақо “бо сабаби ба нафақа баромадан” аз вазифаи муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Шарифзода Фирӯз Бобоназар муовини якум ва

Аҳмадзода Дилноза муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъин карда шуданд. Гуфтанист, ки Дилноза Аҳмадзода билофосила баъди барканориаш аз мақоми муовини директори Агентии хидмати давлатӣ ба мансаби нав таъйин шуд.

Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки  рӯзи 7 феврал президент Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Агентии мубориза бо коррупсия, Агентии хидмати давлатӣ ва Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъйин кард, ба ҳузур пазируфта, “зимни суҳбат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба камбудию норасоиҳое, ки дар кори ин ва дигар мақомоти давлатӣ ба назар мерасанд, ҷалб намуда, барои бартараф намудани онҳо, муборизаи беамон бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ, назорати харҷи босамари маблағҳои буҷетӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ пеш бурдани фаъолияти хизматӣ дастуру ҳидоятҳо дод”. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои ин кадрҳои навтаъйин донистани на кам аз ду забони хориҷиро муҳим номидааст.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сафарзода С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарзода Суҳроб бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 феврали соли 2024
№750

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини директори Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Аҳмадзода М.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Аҳмадзода Музаффар Раҷаб бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 феврали соли 2024
№751

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми директори Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Расулӣ Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Расулӣ Барот муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 феврали соли 2024
№752

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ
ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Камолзода Ф.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Камолзода Фируз Анварали муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 феврали соли 2024
№753

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 феврали соли 2024
№АП-511

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 феврали соли 2024
№АП-512

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 феврали соли 2024 №43
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини сардори Саридораи ҳифзи
сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сафарзода М.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сафарзода Муҳаммад Бақо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 феврали соли 2024 №44
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми сардори Саридораи ҳифзи сирри
давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шарифзода Ф.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шарифзода Фирӯз Бобоназар муовини якуми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 феврали соли 2024 №45
ш. Душанбе

Дар бораи муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри
давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Аҳмадзода Д.Д.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button