Коррупсия

ВАҚТЕ ҲАТТО РАИСИ СУД ПОРА МЕГИРАД… БОЗ ДУ СУДЯРО БАРОИ ПОРАХӮРӢ АЗ КОР ПЕШ КАРДАНД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 январи соли 2024 бо имзои як фармон якбора се судя ё додраси додгоҳҳои вилояти Хатлонро аз вазифа озод кард. Аммо агар Ҷаъфарзода Латофат Қаландар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии додрасӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Дӯстӣ ба қавле бо обу рӯ рафта бошад, 2 додраси дигар: Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Панҷ ва Маҷидзода Фирдавс Маҷид аз вазифаи судяи суди шаҳри Левакант “ бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” озод карда шуданд.

Ин ибора дар фармонҳои президент маъмулан вақте истифода мешавад, ки судяҳо барои ягон амали коррупсионӣ, асосан барои гирифтани пора ба даст афтода бошанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, додраси додгоҳи шаҳри Левакант Фирдавс Маҷидзода дар ҳақиқат аз чанд корафтода барои “буд кардани корашон” маблағи бузург тамаъ кардааст. Тафсилоти бештари парвандаи ин додраси ҳамакнун собиқ ҳанӯз дастрас нашудааст, вале дар мавриди раиси инак собиқи додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон сомонаи “Фараж” рӯзи 26 январи соли 2024 хабар дода буд, ки ӯ аз ҷониби раёсати вилоятии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда, ба гирифтани 122 ҳазор сомонӣ дар чанд ҳолат айбдор мешавад.

Ба иттилои манбаи нашрия дар Агентии мубориза бо коррупсия, боздошти раиси додгоҳи ноҳияи Панҷ Абдураҳмонзода Б. С. нисфирӯзии 25-уми январ дар утоқи кориаш ба вуқуъ пайвастааст. “Ӯро шаб дар боздоштгоҳи раёсати мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон нигоҳ дошта, субҳи 26 январ ба шаҳри Душанбе интиқол доданд”, – гуфта буд ин манбаъ.

Агентӣ кирдорҳои Абдураҳмонзодаро бо моддаҳои “Гирифтани пора” (319 қ.3) ва “Сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ” (314 қ.2)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ банду баст ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Ёдовар мешавем, ки қонун дар қисми 3, моддаи 319 барои мансабдорони давлатие, ки аз ҷониби суд дар гирифтани пора гунаҳгор дониста мешаванд, ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли озодӣ ва дар қисми 2-и моддаи 314 барои сӯиистифода аз мансаб ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 547 то 1092 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 солро муқаррар кардааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 72 сомониро ташкил медиҳад.

Раиси метавон гуфт ҳамакнун собиқи додгоҳи ноҳияи Панҷ Бахтиёр Абдураҳмонзода соли 2018 ба ин вазифа таъйин шуда буд. Ӯ аз он пеш ба ҳайси судя дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекард.

Додгоҳҳои Тоҷикистон аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар ин кишвар ба шумор мераванд. Корафтодагон мегӯянд, бидуни додани пора ҳал кардани ягон мушкил дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба як амри тақрибан номумкин табдил ёфтааст.

Дар Тоҷикистон тақрибан 400 додрас кор мекунанд. Ҳамаи онҳо бо фармонҳои президент таъйину барканор мешаванд. Ҳарс ол президент Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории чандин додрасро бо ҷурми “содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” имзо мекунад. Бино ба ҳисобҳо, дар солҳои охир тақрибан 40 судя, ё тақрибан 10 фоизи додрасҳои ҷумҳурӣ бо чунин ҷурм тарки мансаб кардаанд. Аксари онҳо маҳз ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд. Вале мақомот одатан аз шарҳи парвандаҳои додрасҳои бадастафтода худдорӣ мекунанд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

  1. Ҷаъфарзода Латофат Қаландар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон озод карда шавад.
  2. Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, Маҷидзода Фирдавс Маҷид аз вазифаи судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№726

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button