ИқтисодКоронавирусНомаҳо ба президент

АНДОЗИ НАВ АЗ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ: АЗ МОТОСИКЛ – 360, АЗ МОШИНИ САБУКРАВ – 1584 ВА АЗ МОШИНҲОИ БОРКАШ – 2880 СОМОНӢ

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдоди” муяссар шуд, ки сабаби аз соҳибони мошинҳо дар шуъбаҳои БДА талаб кардани пардохти пули нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиётро маълум кунад. Маблағи андози нав барои мошинҳои сабукрав 1584 сомонӣ ва барои мошинҳои боркаш 2880 сомониро ташкил медиҳад, ки пули кам нест ва ташвиши ронандагону соҳибони воситаҳои нақлиётро ба бор овардааст.

Як манбаи огоҳи “Бомдоди” рӯзи 25 январи соли 2024 хабар дод, ки ин андози нав бар асоси  тағйиру иловаҳоест, ки 27 декабри соли 2023  таҳти №2014 ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” ворид карда шуданд.

Бар асоси ин тағйирот, пардохт барои нобудсозӣ (утилизация)-и воситахои нақлиёти автомобилӣ аз ин ба баъд аз ҷониби макомоти БДА (Бозрасии давлатии автомобилӣ) ҳангоми ба қайди давлатӣ гузоштани воситаҳои нақлиёт пас аз ба расмият даровардани гумрукии воситаҳои нақлиёти ба ҷумҳурӣ воридгардида ва ҳангоми гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ситонида мешавад.

Пардохти нобудсозӣ аз ҳар як воситаи нақлиёт як маротиба ситонида шуда, ба соҳиби мошин талон оид ба супоридани маблағи нобудсозӣ дода мешавад, ки он то замони корношоям шудану нобуд кардани мошин эътибор дорад.

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, меъёри пардохти талони нобудсозӣ чунин муайян карда шудааст:

  1. Барои воситаҳои нақлиёти сабукравмикроавтобус ва автобус  22 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки имсол баробари 1584 сомонӣ мешавад.
  2.  Барои воситаҳои нақлиёти боркаш ва махсус 40 нишондиҳанда (2880 сомонӣ).
  3. Мотосикл  нишондиҳанда (360 сомонӣ).

Аз пардохти андози “нобудсозӣ” танҳо сафоратҳову консулгариҳои кишварҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ озод карда шуданд ва он ҳам ба шарте ки воситаи нақлиёташонро боз аз қаламрави Тоҷикистон бубаранд. Ҳамчунин барои мошинҳое, ки муваққатан ба қаламрави Тоҷикистон ворид карда шудаанд ва боз берун бурда мешаванд, низ пардохти андози “нобудсозӣ” шарт нест.

Қаблан соҳибони воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон ба “Бомдоди”  шикоят карданд, ки дар БДА ба сари онҳо андози наверо бо номи “Талон оид ба супоридани маблағи пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бор кардаанд. Аз ин ба баъд аз соҳибони мошинҳо талаб карда мешавад, ки дар баробари андозу пардохтҳои дигари мошин, ки ҳудуди 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, боз ҳудуди 1600 сомонӣ ҳамчун андози нобудсозӣ ва 70 сомонии дигар барои худи “корешок” ё талони “нобудсозӣ” бисупоранд.

Як ҳамсуҳбати пойгоҳи хабарии “Бомдоди”, ки мошинашро мехост дар БДА сабти ном кунад, гуфт, ки бахшҳои сабти номи воситаҳои нақлиёт дар БДА аз рӯзи ҷумъа, 19 январ кор намекарданд ва зоҳиран тӯли 5 рӯз кормандони БДА ба ворид кардани талаботи нав ба барномаҳои компютерии ин идора машғул буданд.

“Давоми 5 рӯз корафтодагон наметавонистанд мошинҳои худро сабт кунанд. Рӯзи 24 январ шуъбаҳои сабти номи мошинҳо дар БДА ба кор даромад, вале гуфтанд, ки аз ин ба баъд барои ҳар воситаи нақлиёт бояд андози нобудсозӣ ҳам бисупоред. Аз ман фақат барои талонаш 70 сомонӣ талаб карданд. Нархи худи андози нобудсозӣ 1580 сомонӣ будааст. Гуфтанд, ки ин андоз як бор супорида мешавад, на инки ҳар сол”, – нақл кард  ин ҳамсуҳбати “Бомдоди”.

Як корафтодаи дигар хабар дод, ки барои мошини кӯҳнаи “Опел Зафира” мебоист солона 1760 сомонӣ бисупорад, вале ҳоло ба он 1580 сомонӣ пули андози нобудсозӣ изофа шуд.

“О наход барои як мошини хурд барои як сол гаштанаш 3340 сомонӣ бисупорем?” – мепурсад ин корафтода.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” мегӯянд, барои аксари соҳибони воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон супоридани беш аз 300 доллар барои мошинҳояш бори миёншикан аст ва хуб мешуд, агар мақомот нисбат ба мардум каме инсоф мекарданд.

“Барои як мошин беш аз 3 ҳазор сомонӣ дар ҳақиқат ҷабр аст охир. Ба кисаи мардуми мо тӯғрӣ намегирад”, – мегӯянд ҳамсуҳбатони “Бомдоди”.

Дар бархе кишварҳои дигар низ андози нобудсозӣ вуҷуд дорад, вале ин андозро маъмулан тавлидкунандагони мошинҳо (агар дар он кишвар корхонаҳои мошинсозӣ вуҷуд дошта бошанд) ваё воридкунандагони воситаҳои нақлиёт, ё ба истилоҳ мошинфурӯшҳо пардохт мекунанд ва харидорони оддӣ аз вуҷуди он ҳатто хабар намеёбанд. Албатта, агар худаш шахсан аз хориҷ барои худ мошин наорад ваё ягон мошини аз гумрук ногузашта, яъне “растаможка” ношударо нахарад.

Дар Тоҷикистон чунин ҳолатҳои аз харидорон талаб кардани пардохти андозҳое, ки дар вақташ аз тоҷирон ситодани онро “фаромӯш” кардаанд, бори аввал нест. Чанд вақт боз дар Тоҷикистон бо баҳонаи сабти IMEI соҳибони телефонҳои мобилро маҷбур карда истодаанд, ки пули боҷу хироҷи гумрукии телефонашонро ҳам бисупоранд. Ҳатто агар ин телефон чанд сол пеш ба Тоҷикистон ворид карда шуда, дар ин байн аз 10 даст гузашта бошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button